Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, оид ба арзиш ва таъриху пайдоиши ҷашни Наврӯз сухан гуфт.
Иброз гардид, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Имрӯз ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон оғоз гардида, шумораи зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани аҷдодии Наврӯзро доранд, ки бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо риояи анъанаҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Мояи хурсандӣ аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии миллиамон Наврӯзи Тоҷикистон шукуҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.
Инчунин таъкид гардид, ки бо шарофати фазои сулҳу амнияти пойдор дар мамлакат ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба ин соҳаи муҳими рушди иқтисодиёти миллии мамлакат мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра кормандони Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунгарҳои мардумӣ», муҳаррирони бахши сайёҳии «Телевизиони Тоҷикистон» ва ширкатҳои сайёҳӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати сайёҳии мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин тарғибу ташвиқи васеи имконияти соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон