(бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо)
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили ду рӯзи муҳим қарор дорем, ки натиҷаи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар партави сиёсати хирадмандонаи ин чеҳраи мондагори миллат имрӯзҳо миллати тоҷик чун миллати ташаббускор дар роҳи ҳифзи арзишҳои умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки ҷойгоҳи давлати соҳибистиқлоли моро ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналхалқӣ устувор намуд.
Дар радифи дигар аз ташаббусҳои созанда ва аҳаммияти умумибашарӣ доштаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва пазироӣ гардидани он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид падидаи дигари муҳим маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи башариро дар радифи падидаҳои номатлубе чун терроризму экстремизм, ҳамчунин тағйирёбии иқлим ва нарасидани оби нушокӣ таҳдид намудаистодааст. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон дар симои Сарвари давлат ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба табиат ва ҳифзи унсурҳои муҳимми он чораҳои зиёду муассирро дар амал татиқ намудааистодааст. Масъалаи ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷумлаи он проблемаҳои ҷомеа башарӣ аст, ки тағйирёбии иқлим ба он сабаб шудааст. Тоҷикистон бо дарназардошти доштани пиряхҳо дар саргаҳи оби нушокии минтақа қарор дошта, нисбат ба масъалаи мазкур аввалин шуда ташаббус нишон дод.
Маҳз натиҷаи талошҳои пайвастаи Сарвари давлат буд, ки 14-уми декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст. Бояд гуфт, ки ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Дар робита ба ин бояд таъкид намуд, ки раванди тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии ин раванди глобалии замони муосир ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сайёраи Замин таъсири худро расонидааст.
Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки пиряхҳо дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир зиёда аз сеяки ҳаҷми худро аз даст доданд. Дар маҷмуъ ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон ба 845 км3 баробар буда, масоҳаташон 6-8% ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти охирони ҳавосанҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи чорчӯбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, масоҳати пиряхҳо то 8,5 км2 коҳиш ёфтааст. Имрӯз мувофиқи арзёбиҳои гуногун дар пиряхҳои Тоҷикистон 550 км3 об мавҷуд аст. Ба шиддати обшавии пиряхҳо, дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим, то андозаи муайян ба хушкшавии баҳри Арал низ мусоидат намудааст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти ин ташаббусҳоро дарк намуда, обшавӣ ва аз байн рафтани манбаъҳои оби тозаи нӯшокиро дар сайёра эҳсос менамояд ва дар оянда фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар қисмати бештари давлатҳо чораҷӯӣ менамояд.
Ин пешниҳод ҳамаи давлатҳоеро сари як масъалаи барои инсоният муҳим ҷамъ овард, ки дар он саҳми Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Таҳқиқи пиряхҳои Помир, ки онҳо 60% масоҳати яхбастаи Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, имконият медиҳад, ки тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад.
Тибқи назари мутахассисон Тоҷикистон маркази бузурги яхбандии замони муосир дар Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои дар ҳудуди кишвари мо воқеъбуда на фақат фароҳамоварандаи захираҳои оби тоза, балки танзимкунандаи оби дарёҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон манбаи асосии таъмини оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки захираҳои обии сарвати бебаҳо ва боигарии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба онҳо пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо ва дигар сарчашмаҳои обӣ дохил мешаванд. Сарчашмаи асосии захираҳои обии Тоҷикистон пиряхҳо ва барфҳои доимӣ мебошанд.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигароникунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем».
Воқеан ҳам ҳадафи асосии ташаббуси Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад.
Аз таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ бармеояд, ки ҷиҳати арҷгузории арзишҳои моддӣ ва ғайримоддие, ки барои инсоният зарурати аввалиндараҷа доранд, санаҳои муайян вобаста мебошанд. Ба андешаи профессор Насриддинзода Эмомалӣ «Ҳолати мазкур имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии кураи замин оид ба масоили меҳварӣ ва муҳим будани ҳадафи санаи мавриди эътироф амиқан андешаронӣ намуда, боз як маротибаи дигар хотирнишон мешаванд».
Аз ин рӯ, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» пешниҳод манзур гардид.
Муайян ва пешбинӣ намудани «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» бо дарназардошти ҷашни муҳимму таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, яъне таҷлил аз Рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад.
Пиряхҳо, ҳамчунин сарчашмаи асосии рушди иқтисоди сабзи кишвар маҳсуб меёбад. Рушди тамоми самтҳои иқтисодӣ имрӯз аз таъмини об ва вазъи иқлим вобаста мебошад. Махсусан, пиряхҳо сарчашмаи рушди устувори соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шумор рафта ҳифзи онҳо имкон медиҳанд, ки дар оянда бузургтарин нерӯгоҳҳои обӣ барқӣ дар кишвар сохта ба истифода дода шаванд. Дар маҷмуъ пиряхо ба иқлим ва иқтисоди на танҳо Тоҷикистон, балки барои минтақа таъсиррасон мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз зарур аст, ки тавассути истифодаи кобёбиҳои илмҳои табиатшиносӣ сади роҳи босуръати обшавии пиряхо гирифта шавад. Барои амалии ин мақсад коршиносони соҳаро зарур аст, ки тадбирҳои мушххасу зарурӣ андешанд.
Бо дарназардошти омӯзиши шароити ҷойгиршавии пиряхҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирӣ аз нестшавии ин бойгариҳои табиӣ чунин нуқтаҳоро пешниҳод намудан ба маврид аст:
- Барои омӯзиши комплексии пиряхҳо экспедитсияҳои доимамалкунанда аз ҳисоби мутахассисони соҳа ташкил кардан лозим аст;
- Таҳқиқоти мутахассисони соҳаи география нишон медиҳанд, ки 80% яхбандиҳои ҷумҳурӣ – яхбандиҳое ба шумор мераванд, ки масоҳати онҳо 1 км-ро ташкил медиҳанд ва ба сохтори онҳо баҳои илман асоснок дода нашудаанд, вобаста ба ин сохтори мураккаби канда-канда ҷойгиршавии онҳо мавзеъҳои ҷойгиршавиро ба 3 гиреҳ ҷудо намудан лозим аст;
- Оид ба ҳифзи яхбандиҳо чорабиниҳои илман асоснок тартиб дода ба онҳо харитаҳои махсус сохтан лозим аст;
- Дар баландиҳои гипсометрии 2000-3000 метр дар доманакӯҳҳои Туркистону Зарафшон, Помиру Олой ва Помир дарахтоне шинондан лозим аст, ки ба шароити ин мавзеъҳо мутобиқ шудаанд, ки таъсири онҳо ба ҳифзи яхбандиҳо хело калон мебошад;
- Дар баландиҳои 3500-4500 метр аз сатҳи баҳр бо иҷозатномаи мутахассисон фаъолияти чорводорӣ, растанипарвариро ба роҳ мондан зарур аст;
- Ҳаракати нақлиёт ва кашондани бор бе рӯйпуш намудани (маҳкам кардани) онҳо иҷозат дода нашавад. Ҳамчунин, зикр кардан ба маврид аст, ки дар 100 км 150-200 литр сузишворӣ сарф карда мешавад, ки дар таркиби он партовҳо аз сухтани сузишворӣ то 80 намуд моддаҳои зараровар мавҷуданд. Дар самти ҳаракати бодҳои “афғонӣ” Вахшу Кӯлоб, гармсел Суғд, шинондан ва барқарор намудани растаниҳои ҳимоявиро барқарор ва зиёд намудан лозим меояд;
- Дар мавзеъҳое, ки чарогоҳҳои интенсивӣ доранд, чорво бояд аз мавзеъҳои ҷойгиршавии яхбандиҳо дар дурии 1,5-2 метр чаронда шавад, зеро ки ҳавои ҷойи дамгирӣ ва шабгузаронии онҳо аз 3 то 5 дараҷа С зиёд мешавад ва таъсири онҳо зараровар мебошад;
- Бунёди макони зист, бустонсаройҳо, истгоҳҳои мошинҳо дар баландиҳои 3500-4000 аз сатҳи баҳр ва гузаронидани машқҳои ҳарбӣ бо истифодаи амалиётҳои тирпаронӣ қатъиян манъ карда шавад;
- Буридани дарахтон, буттаҳои табиӣ дар мавзеъҳои яхбандиҳо қатъиян манъ карда шавад;
- Ба воситаи қубурҳо ба хонаҳо аз тарафи аҳолӣ кашонидани об, ки дар натиҷа геоландшафтҳои табиӣ ба биёбон табдил меёбанд ва ба яхбандиҳо таъсири калон мерасонанд ва омили нестшавии олами наботот ва ҳайвонотҳои ваҳшӣ мегарданд, манъ карда шавад;
- Назорати қатъӣ барои иҷрои ин пешниҳодҳо ба зиммаи роҳбарони ноҳияҳо, вилоятҳо вогузор карда шавад ва онҳо ба Ҳукумати ҶТ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ