Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодӯзатон қабул фармоед!

Шумо чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди ичтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.

Саҳми шахсии Шумо дар таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳои мо, суръат бахшидан ба робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои бисёрҷониба бениҳоят арзишманд аст.

Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зичи мо аз рӯи масъалаҳои мубрами дуҷонибаву бисёрҷониба бар нафъи мардумони Россия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзумандам”.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Табрикоти сидқӣ ва таманниёти беҳтарини манро дар иртибот ба зодрӯзатон қабул фармоед.

Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.

Пас аз авҷ гирифтани ҳамагирии COVID-19 Чин ва Тоҷикистон ҳамдигарро дастгирӣ намуда, талошҳояшонро барои ҳифзи муштараки саломатӣ ва ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид гардониданд, ки худ ифодагари ҷавҳари асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амнияти Чину Тоҷикистон мебошад. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти калон дода, робитаҳои хуби корӣ ва дӯстии амиқи шахсиамро бо Шумо қадрдонӣ менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо саъю кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам, ки бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон ба пайваста баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон ба сатҳи боз ҳам баландтар нигаронда шудаанд.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва некӯаҳволӣ орзумандам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Бо камоли хушнудӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, таманниёти самимӣ ва беҳтарини худро ба муносибати зодрӯзатон арз менамоям.

Мо дар Ӯзбекистон шахсияти Шуморо ҳамчун арбоби маъруфи давлатӣ, пешвои соҳибистеъдод, ватанпарвари ҳақиқӣ, ки ҳаёти худро барои хидмат ба некӯаҳволӣ ва рушди мардуми Тоҷикистон бахшидааст, мешиносем ва бениҳоят эҳтиром мегузорем.

Боиси таъкиди хосса аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ собитқадамона пеш рафта истодааст, мақому манзалат ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардад.

Мо аз ҳамаи дастовардҳо, ислоҳоти васеъмиқёс ва таҳаввулоти босуръате, ки дар кишвари Шумо, шарики бо мурури замон санҷидашуда ва боэътимоди мо, ба вуқӯъ мепайванданд, хушнуд ҳастем.

Дар робита ба ин мехоҳам саҳми бениҳоят арзишманд ва таваҷҷуҳи доимии Шуморо ба фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба ва дарозмуддати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумонамон ба таври хосса таъкид намоям.

Итминон дорам, ки муносибатҳои зичи бародарона, ҳамчунин ҳамкории наву барои ҷонибҳо судманде, ки миёни мо устувор шудаанд ва ба шарофати саъю талошҳои муштараки мо тайи солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд, минбаъд ҳам баҳри шукуфоии умуми мардумонамон тавсеа хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар Шуморо сидқан ба муносибати ин санаи дар ҳаётатон хотирмон табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва некӯаҳволӣ орзу менамоям”.

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Самимонатарин табрикоти манро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!

Заҳматҳои Шумо баҳри шукуфоии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Шумо, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуматон нигаронда шудаанд, басо арзишманданд.

Муътақидам, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва хислатҳои накӯи Шумо дар таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ саҳми хосса доранд.

Дар Қазоқистон нақши шахсии Шуморо дар рушди шарикии стратегӣ ва ҳамгироии кишварҳои мо баланд арзёбӣ менамоянд.

Итминон дорам, ки дӯстии бисёрасра ва муносибатҳои ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, ки кишварҳои моро ба ҳам мепайванданд, дар оянда низ бар нафъи некӯаҳволии мардумонамон таҳким ёфта, ба таври сермаҳсул рушд хоҳанд кард.

Умедвори идомаи робитаҳои зичи мо ва ҳамкории муштаракамон ҳастам.

Бо истифода фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комилу комёбиҳои бузург ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу рифоҳ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!

Дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, мақому манзалати баланди Душанбе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ – ҳамаи ин самараи хизмати чандинсолаи Шумо ба Ватан ва сиёсати дурандешонаву созандаи Шумо дар маснади Сарвари давлат мебошанд.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии қавии Шумо имрӯзҳо низ таҳаввулоти муҳимро, ки ба таҳкими пайвастаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди босубот ва некӯаҳволии шаҳрвандони худ нигаронда шудаанд, дилпурона дар амал татбиқ намуда истодааст.

Дар симои Шумо Қазоқистон дӯст ва шарики боэътимодеро мебинад, ки сидқан алоқаманди тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои мо, ҳамчунин ҳамгироии бештар амиқ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Бовар дорам, ки муколамаи фаъоли сатҳи олӣ минбаъд ҳам чун заминаи мустаҳкам барои афзун гардонидани дастовардҳои муштараки мо хизмат карда, раванди ба сатҳи нав бардоштани шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистонро такони тоза хоҳад бахшид.

Дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям!”

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Сидқан Шуморо бо зодрӯзатон табрик менамоям!

Бо изҳори қаноатмандӣ қайд карданиам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо масири худро пайдо карда, дар он қадамҳои устуворашро, ки ба ҳифзи сулҳу таҳкими некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронда шудаанд, идома медиҳад.

Шумо дар соҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи байналмилалии он ба комёбиҳои муассир ноил гардидаед.

Итминони амиқ дорам, ки бо дастгирии шахсии Шумо муносибатҳои байни ду кишвар, ки асоси онҳоро усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ташкил медиҳанд, минбаъд ҳам бар манфиатҳои мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон пайваста рушд хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям!”

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Лутфан самимонатарин табрикоти ин ҷонибро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Дар Ватан ва берун аз паҳнои он Шуморо барҳақ чун роҳбари ботаҷриба ва соҳибэътибори давлат, ки саъю талошҳо ва иродаи сиёсии ӯ рушди босуботи Тоҷикистон ва тақвияти нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ таъмин кардааст, эътироф менамоянд.

Ман саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаву барои ҷонибҳо судманди Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят қадрдонӣ менамоям.

Итминон дорам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак мо метавонем муносибатҳои анъанавию дӯстонаи Беларус ва Тоҷикистонро бо мақсади минбаъд низ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумонамон боз ҳам амиқтар гардонем.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии қавӣ, некӯаҳволӣ, хушҳолӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо орзу менамоям.

Ба Шумо ва пайвандону наздиконатон сулҳу некӣ ва хайру баракат хоҳонам”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Иҷозат фармоед ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати зодрӯзатон арз намоям.

Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст.

Озарбойҷон ва Тоҷикистонро таърихан риштаҳои дӯстӣ, ки аз иродаи мардумони мо маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд. Шумо дар амри рушди робитаҳои байнидавлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои мо дар ҳамаи соҳаҳо, ки бар ин заминаи мустаҳкам асос ёфтаанд, саҳми арзишманд мегузоред.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳои мо бар нафъи мардумонамон ҳамеша рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо сиҳҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор ва шукуфоӣ орзумандам”.

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз номи Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, Дабири кулли СААД Станислав Зас, Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ворид гардиданд.

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *