Имрӯз дар Кохи афсарони шаҳри Душанбе, курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ҳизбӣ ва дигар масъулини ҲХДТ иштирок намуданд.
Дар курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мавъуи “Роҳҳои самарбахш кардани корҳои идеологӣ дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” ва Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуи “Вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар асоси нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ” баромад намуда, ба шунавандагон дар ин замина тавсияҳои муфид ироа карданд.
Дар анҷоми курси бозомӯзӣ арёбии пешакии сатҳи дониши шунавандагон тариқи тестӣ санҷида шуд.