Чорабинӣ бо иқдоми таҷрибаомӯзон: “Ватанамро мепарастам”

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони курси сеюми ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Ватанамро мепарастам” конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки дар доираи ин иқдом дар мавзуи “Артиши миллӣ ҳамчун ҳомии марзу бум ва амнияти давлат” маърӯза шунида шуда, аз ҷониби хонандагон саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Гуфта мешавад, чунин чорабиниро таҷрибаомӯзони курси чоруми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба роҳ монда, ин чорабинӣ таҳти унвони “Хизмати Ватанро ба ҷо меорем” доир шуд.

Ба иттилои манбаъ, хонандагон дар мавзуи “Таърихи таъсисёбӣ ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.