Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташаккули назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи 2024 оид ба таъсиси гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо равона карда шудааст.
Сурайё Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”