Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” чорабинии идона доир гардид.
Дар ин чорабинӣ афсарону сарбозон, меҳмонону олимон, устодону донишҷӯён ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Сараввал ректори донишгоҳ Насриддинзода Эмомалӣ оид ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуда, саҳми роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бисёр назаррас арзёбӣ кард ва Рӯзи Артиши миллиро ба ҳозирин муборакбод гуфт.