Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тариқи қабули қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар назди “Шаршара”-и Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуда, аз Шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузари Путовский роҳпаймоӣ баргузор карда шуд.
Дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ наздик ба 10 ҳазор нафар ҷамъ омада, иштирокчиён бо рӯҳу илҳоми болида иштирок намудаанд. Иштирочиён бо ин аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”