АМИТ «Ховар» тафсилоти ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро нашр кардааст, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад .Дар хабар омадааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Кори ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо мулоқоти ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар доираи маҳдуд оғоз гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар панҷгонаи шарикони хориҷии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор дошта, гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.
Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил медиҳад.
Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳашт моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 164,6 миллион долларро ташкил намудааст.
Ба даст омадани натиҷаи неки ҳамгироӣ миёни ин ду давлати дӯст исботи сиёсати муваффақонаву дурбинонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон буда, ба хотири тақвият бахшидани ҳамкории стратегӣ амалисозии тадбирҳои нишонрас ҷараён дорад.
Ҷонибҳо аснои баргузории ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳангро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Комиссия ҳамчун василаи муҳим ва самараноки рушди ҳамкории иқтисодӣ фаъолият намуда, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар такон бахшидани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи созгор фароҳам меорад.
Ҳамчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд доир гашта, дар охири кори ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссия қарорҳои зарурӣ ба имзо расониданд.