Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯъ бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 21 млрд. 656 миллион кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 миллион кВт.соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар ҳаҷми 102,1 фоиз таъмин карда шудааст.
Истеҳсоли нерӯи барқ дар ҶСК “Барқи Тоҷик” ба 16 млрд. 479 миллион кВт. соат баробар шудааст. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотии “Барқи Тоҷик” раиси ширкати мазкур, Маҳмадумар Асозода ба журналистон ироа кард.
Ҳамчунин илова гардид, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 124,2 млн. кВт. соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ 2 млрд. 677 млн кВт. соат баробар шуд. Нерӯи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 624,7 млн кВт. соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 907,5 млн. кВт соат ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳаҷми 144,6 млн. кВт. соат содирот карда шуд.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”