Бо мақсади дар сатҳи баланд ва озоду шаффоф гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаи интихоботии №23 дар ҳавзаи интихоботии Сино рақами 4 тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Ҳамчунин қуттии овоздиҳӣ, қонуну санадҳои дахлдор оид ба интихобот, маводи конселярӣ, рӯйхати интихобкунандагоне, ки то имрӯз ба қайд гирифтаанд ва буклету варақаҳо бо тартиби муайян гузошта шудаанд. Дар ин бора аъзои комиссияи участкаи интихоботии №23 Миҷгона Каримова иттилоъ дод. Бино ба иттилоъи манбаъ участкаи мазкур барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ омода аст.
Дар робита ба ин Миҷгона Каримова илова кард, ки дар ҳудуди участкаи интихоботии мазкур 1925 нафар овоздиҳанда ба рӯихат гирифта шуда аз онҳо 28 нафар бори аввал овоз овоз дода 10 нафар маъюб, 19 нафар рӯсзабон ва 35 нафар муҳоҷирони берун аз ватан мебошанд. Инчунин то имрӯз бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронида шуда, барои шахсони имконияташон маҳдуд ҳуҷраҳои алоҳида мавҷуданд.
Дар баробари ин, баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус чораҳои зарурӣ андешида шуда, участкаи интихоботи бо маводи безараргардонӣ таъмин гаштааст, гуфт аъзои комиссияи участкаи интихоботии №23 Миҷгона Каримова.
Гулрӯ Ниёзова