Бо мақсади ифтитоҳи марҳилаи аввали татбиқи ду лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ бо иштироки намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар истинод ба маълумоти Кумитаи рушди сайҳӣ хабар додааст.
Дар видеоконфронс ба таври фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Ассотсиатсияи дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон (АТҶАТ) ва Ассотсиатсияи ташкилоти хурди молиявии Тоҷикистон (АМФОТ) намояндагӣ карданд.
Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Франческо Страниер изҳор дошт, ки лоиҳаҳои «Ташаббуси сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Роҳи Абрешим: пайваст намудани бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ ва бозори Аврупо» ва «Мусоидат ба самаранокии энергетикӣ ва истеҳсоли неруи барқи барқароршаванда дар бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ» ба воситаи Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД) дар минтақа амалӣ карда мешаванд.
Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалишавии чунин лоиҳаҳои ба рушди сайёҳӣ нигаронидашуда дар давраи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Дар шароити ҳукмронии буҳрони коронавирус ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, хусусан дар самти рушди инфрасохтори неруи барқи таҷдидшавандаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар водии Зарафшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бисёр муҳим буда, амалӣ намудани онҳо ба беҳтарсозии шароити иншооти сайёҳӣ мусоидат менамояд.