Хадамоти алоқа бо интишори як изҳорот дар сомонаи расмиаш ба иқдоми чанде пеши операторони алоқаи мобилӣ, ки арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта буданд, эътироз кардааст.
Аз ин пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёде ба ин иқдоми оперторони мобилӣ, ки СМС-паёмак ба муштариён фиристода буданд, вокуниш намуданд. Дар изҳороти Хадамоти алоқа бошад, ин иқдом “ғайримақсаднок” ҳисобида шуд, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани ин иқдом даъват кардааст.
“Хадамоти алоқа чунин меҳисобад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланди бурдани сифати алоқаи барқӣ муғойир буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамзамон барои амалисозии тадбирҳои муҳиме мондани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад”- омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин Хадамот а баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ надода, тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.
Дар охир аз муштариёни операторони алоқаи мобилӣ хоҳиш кардаааст, ки “паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилиро нодида гирифта, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд”.