Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ду  МОИ Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

 Бо мақсади рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисоди «Ҷизак» ва «Ғиждувон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» дар такя ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ додааст, Ёддошти тафоҳум зимни сафари ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (17-18 сентябр) аз ҷониби роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии мазкур ба имзо расонида шуд.

Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд  мулоқотҳо низ баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳо ба меҳмонон оид ба МОИ «Кӯлоб», самтҳои афзалиятноки он, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷойдошта маълумоти муфассал пешниҳод гардида, барои ҷалби бештари сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба  минтақаи озоди иқтисодии мазкур ва дар ин замина бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ва муштарак дар ҳудуди он таклифҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *