11 декабри соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот омодагии ду кишвар барои густариши бомароми муносибатҳои дуҷониба таъкид гардидааст.
Гуфта мешавад, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.