Дар Душанбе то охири соли равон 30 электробус сохта ва ба истифода мешавад

Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 августи соли 2022, №456 Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2022-2028 дар Пойтахт ба тасвиб расида буд. Дар ин баробар ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” соли 2018 таъсис дода шуда, корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро дар самти бандубаст ва истеҳсоли автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда ва то ба имрӯз якчанд намуди автобусҳоро бо стандарти экологии “Евро 5” ва “Евро 6” истеҳсол намуда истодаанд.

“Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол дар як баст то 350 адад воситаи наклиётро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 нафарро ташкил медиҳад. Бояд қайд намоем, ки тибқи шартома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҶДММ “Акиа Авесто, дар марҳилаи аввал 30 адад электробус фармоиш гардидааст ва то охири соли 2023 барои супоридан ба истифодабаранда омода мешавад”- мегӯяд, Суҳроб Ширинов, муовини директори ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри”.

Ба иттилои Суҳроб Ширинов , яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда дар он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи “Акиа” бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ оварда расонида, аз ин ҷиҳат сарфакунии хароҷоти сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодабарии автобусҳо зиёд мегардад.

Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гарму хунукидиҳанда (кондиционер) муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва барҳаво ҳамлу нақли мусофирон хизматрасонӣ менамояд.

Дар айни замон аз ҷониби корхонаи муштарак ба таври силсилавӣ электробусу электро-троллейбус, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, автобусҳои дизелии бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, бандубаст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки автобусҳои истеҳсолгардида дар намоишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба муаррифӣ гузошта шуд, ки диққати меҳмонон ва тамошобинони намоишро ба худ ҷалб намудааст.

Илова бар ин, бо назардошти ба инобат гирифтани содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои эҳтиёҷдор ба автобуси муҳаррикаш бо гази табиӣ ҳаракаткунанда дар заминаи имкониятҳои корхонаи муштарак тарҳрезӣ гашта, истеҳсол намудааст.

Бояд қайд кард, ки тули солҳои охир парки техникии пойтахт аз ҳисоби автобусҳои замонавии истеҳсоли ватанӣ пурра азнавсозӣ гардида, ҳамаи хатсайрҳои автобусиву троллейбусии шаҳри Душанбе бо автобусу троллейбусҳои муосир таъмин гардидаанд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе 410 адад автобусҳои тамғаи Акиа, аз ҷумла 300 адад автобусҳои дарозии 12 метр, 100 адад автобусҳои дарозии 8 метр ва 10 адад автобусҳои дуошёна ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар баробари ин, Ҷамъият дар тендерҳои дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, соли 2022 дар тендери Бонки Аврупои таҷдид ва рушд барои таъмин намудани шаҳри Бохтар бо автобусҳои муосир, миёни 10 ширкати иштирокнамуда, ғолиб баромадааст. То ҳол “Акиа Авесто” 41 адад автобусҳои тамғаи “Акиа Ориё” бо дарозии 8 метр истеҳол намудааст.

Фаъолияти корхонаи муштарак бо мақсади қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти ватанӣ ва содирот намудани он ба кишварҳои минтақа мебошад.

Мавриди амал карор гирифтани фаъолияти босамари корхона дар ин давра имкон дода истодааст, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Наҷибуллои Ҳомидҷон

радиои “Тоҷикистон”