Ба иттилои сомонаи расмии Агентии обу ҳавошиносӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустувор гардидани вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, 22 ноябр рӯзона боришот (борон, барф) ба амал омада, шабонаи 23 ноябр дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон бошиддат меборад.
Рӯзи 23 ноябр дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 10-12º паст мешавад. Рӯзҳои 22-23 ноябр бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
АКС аз манбаъҳои боз