Хонандагони тоҷик дар “Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия” дар миёни 14 давлати дунё ғолибият ба даст оварданд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Тоҷикистон” бо такя ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар медиҳад.
Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия” рӯзҳои 14-22 ноябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия аз фанни астрономия баргузор гардида, намояндагони 14 кишварро муттаҳид намуд. Олимпиада дар қаламрави федералии Сириус оғоз ёфт. Дар мусобиқаи зеҳнӣ 79 нафар аз Русия, Перу, Эрон, Беларус, Узбекистон, Тоҷикистон, Венесуэла ва ҳафт кишвари дигар дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат намуданд.
Олимпиадаи мазкур дар чор давра: давраҳои мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва экспресс – тур баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар аз Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино ширкат варзида, сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ: як ҷойи 2-юм, як ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин маротибаи аввал аст, ки хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни астрономия Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 24 – уми октябр МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” даври интихобии озмуни Open International Astronomy (OWAO 2023) – ро доир намуд, ки дар он 27 нафар хонанда аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок карда, тибқи хулосаи комиссияи озмун 3 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буд.
Мавриди зикр аст, ки олимпиадаи Open International Astronomia (OWAO 2023) то 22 ноябр идома хоҳад кард. Ғолибон бо медалҳо мукофотонида мешаванд ва имкони дидан аз иншооти инфрасохтори кайҳонии Федератсияи Русияро пайдо мекунанд.