Имрӯз аз таъсиси “Бешаи палангон” 85 сол гузашт

Мамнуъгоҳи давлатии табии “Бешаи палангон” – яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” 49 700 га ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 14500 гектараш ҷангалпӯш, 10700 гектараш марғзор 4030 гектараш кӯл ва 22173 гектараш биёбон мебошад. Мамнуъгоҳи табии “Бешаи палангон” бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст. Имсол аз таъсиси мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” 85 сол сипарӣ мегардад.

Мамнуъгоҳи давлатии табии “Бешаи палангон” дар ҳудуди ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ буда, яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” – ро туғайзор ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ “Бешаи палангон” номгузорӣ шудааст. Ин намуди паланг то солҳои 50 – уми асри гузашта дар мамнуъгоҳ вуҷуд доштааст. Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олимони соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди рустаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд рустаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд рустаниҳои техникӣ, 44 намуд рустаниҳои дармонӣ, 10 намуд рустаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд рустаниҳои заҳрнок мебошанд. Камол Қурбонов мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дустӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мо ин мавзеи арзишмандро таҳти назорати махсуси худ қарор додаем ва нисбати нафароне, ки ба ин макон зарар мерасонанд парвандаи маъмурӣ боз мекунем. Ба таъкиди номбурда аз соли 2015 ин ҷониб таъсири манфии инсоният нисбат ба ин мавзеъ кам гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди мамнуъгоҳ 20 адад кулҳои хурду бузург мавҷуд буда, дар онҳо 16 намуди моҳиҳо умр ба сар мебаранд. Тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” қариб 50 намуди хайвонот аз қабили гавазни бухороӣ, оҳу, гурбаи найзор, сангпуштҳо, хуки ваҳшӣ, миои мушон аз хазандаҳо намудҳои гуногуни морҳо, 122 намуд парандагон ва ғайра зиндагӣ карда, баҳри ҳифзи ин мавзеи табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешидааст. Айни замон ҳудуди мамнуъгоҳ ба 4 минтақа, 9 дидбонгоҳ ва 65 квартал тақсим гардидааст, ки дар онҳо кормандони масъул шабонарӯз фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи Камол Қурбонов мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дустӣ ҳамасола дар фасли зимистон барои зинда мондани ҳайвоноту парандагони мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба миқдори муайян донагиҳо ва хошоки дурушд харидорӣ ва бурда дар маконҳои гашту гузори онҳо паҳн карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки олами набототи мамнуъгоҳи давлатии табии “Бешаи палангон” дар раванди тағйирёбии иқлим, пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво ва боридани хокборишҳо метавонад, ки таъсири манфии онҳоро ба муҳити зист кам намояд. Ҳамин аст, ки 20 сентябри соли равон зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ба хотири ҳифз ва нигаҳдошти бештар, ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”