Ҳаким Абурайҳон Берунӣ аз аввалин саромадони улуми фалсафа, риёзиёт, тақвим, ҷуғрофиё, таърих дар асрҳои миёна маҳсуб меёбад, зеро бар аксари илмҳои замонааш тасаллут дошт. Аз асарҳои Берунӣ – “Осор-ул-боқия”, “Мол-ул-Ҳинд”, “Китобу-т-тафҳим” дармеёбем, ки мавсуф ҳангоми баррасӣ ва ҳалли масъалаҳо аз улуми гузашта ва замони худ, аз илму фарҳанги миллии хеш ва ақвоми дигар огоҳӣ дошта, ҳангоми таҳқиқи онҳо ҳеҷ таассубе нишон намедод.
Берунӣ дар фаслҳое аз “Осор-ул-боқия” – “Дар чигунагии моҳҳо, ки дар солҳои аввал истеъмол шуданд”, “Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст” ва дар қисмати ҷашнҳои маъруфи пешиниён дар “Китобу-т-тафҳим” аз тақвиму истилоҳоти он ва ҷашнҳои маъруфи бостон, ки аз рӯйдодҳои муҳимми таърихиву фарҳангӣ мебошанд, шарҳи мухтасаре оварда, барои тақвияти фикри худ қавли донишмандон Салмони Форс, Эроншаҳрӣ, Саид ибни Фазл, Ҷайҳонӣ ва Кисравиро далел меорад (2, 243).
Иду ҷашнҳои порсиён аз гоҳшумории зардуштиёни Эрони бостон сарчашма мегирад, ки аз 30 рӯз ва 12 моҳ бо изофаи панҷ рӯзи дигар дар поёни сол иборат буд. Ин гоҳшуморӣ замони салтанати Ҳахоманишиҳо тағйир кард ва аз замони подшоҳии Дорошоҳ ривоҷ ёфта, дар давраи исломӣ донишмандони зиёде пайи мутолеа ва тадқиқу тасҳеҳи он шуданд. Аз зумраи онҳо Берунӣ “ба моҳҳое, ки порсиён истеъмол карданд” оғоз мекунад ва бино бар қавлаш “он чиро, ки яқин бад-он пайдо накардаам ва дар ин боб чизе аз ашхоси эътимоднок нашунидаам ба канор мегузорам” (2,64). Берунӣ дар радифи унвони гоҳшумории ақвоми эронӣ – хоразмиёну суғдиён, гоҳшумории порсиёнро низ дар “Осор-ул-боқия” бад-ин зайл меорад:
1.Фарвардин, 2.Урдибиҳиштмоҳ, 3.Хурдодмоҳ, 4.Тирмоҳ, 5.Мурдодмоҳ, 6.Шаҳирвармоҳ, 7.Меҳрмоҳ, 8.Обонмоҳ, 9.Озармоҳ, 10.Даймоҳ, 11.Баҳманмоҳ, 12.Исафандромузмоҳ.
Ва ҳар як номи хоси рӯзҳои моҳи ин гоҳшумориро низ меорад:
Ҳурмуз, Баҳман, Урдибиҳишт, Шаҳривар, Исфандормуз, Хурдод, Мурдод, Дайб Озар, Озар, Обон, Хур, Моҳ, Тир, Ҷӯш, Дайбамеҳр, Меҳр, Суруш, Рашн, Фарвардин, Баҳром, Ром, Боз, Дайбадин, Дин, Ард, Аштоз, Осмон, Зомиёз, Морасфанд, Анирон.
Дар фасли “Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст” Берунӣ ба ташреҳи ҳар як рӯзи гоҳшуморӣ, фазилати он ва расму ойини ҷашни онҳо мепардозад. Аз матни мазкур бармеояд, ки Берунӣ аз гоҳшуморӣ ва ҷашну маросимҳои қабл аз ислом маълумоти хубе доштааст ва зимни шарҳи матлаб мегӯяд: “Форсиён пайваста ҳамин тавр рафтор мекарданд, то он ки подшоҳӣ аз эшон берун рафт ва динашон нест шуд” (2, 66).
Дар гоҳшумории зардуштиён номи моҳҳо ба номи эзадони зардуштӣ буда, дар катибаҳои боқимонда аз Ҳахоманишиён низ нишонаҳое аз тақвими Эрони бостон мушоҳида мешавад. Донишманди муътабар Раҳом Аша низ ба ин нукта ишора мекунад: “Ҳар рӯзи моҳ ба номи эзади он моҳ ситоянд ва агар номи рӯз бо номи моҳ яке гардад, ҷашн гиранд, монанди баҳмангон” (7, 269). Ин ситоишҳо дар матни авестоии “сирӯза” ҷой доранд. Аз сарчашмаҳои муътамад ва гаронарзиш дар бораи сирӯзаи моҳи порсиён, ки Берунӣ аз онҳо ёд мекунад, осори пешазисломӣ – форсии миёна андарзномаи Озарбод ба писараш маъруф ба “Рӯзномаи Озарбод”, “Рӯзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин”, “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” ва “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург”-ро дар даст дорем. Дар ин сирӯзаҳо муғон корҳоеро фармоянд, ки мувофиқ бо назму хешкории ҳар эзади гуморида бошад. Дар ин бора муҳаққиқи забонҳои бостон Фаридун Ҷунайдӣ мегӯяд: “Эрониёни бостон бар бунёди номи рӯзҳо корҳои вижаи ҳаррӯзаро бад-он рӯз меафканданд” (7, 190)
Бар асоси таҳқиқи татбиқии рӯзҳои гоҳшуморӣ чигунагии рӯзҳо ва хусусияти онҳо ва муносибати барпошавии ҷашну маросимҳоро метавон муайян кард.
Ҳурмузд/Урмузд/Аҳуромаздо дар форсии миёна Ohumazd, форсии бостон Ahura-mazdā ва авестоӣ Ahura-mazdāh. Якум рӯзи ҳар моҳи шамсӣ буда “ва ин рӯз “рӯзи мухторӣ” аст, зеро ки номи ин рӯз Ҳурмузд аст, ки исми худованди таолост, ки офаридгор ва сонеу парварандаи дунё ва аҳли он аст” (2,233). Дар “Динкард” номвожаи мазкур чунин таърифу тавсиф ёфтааст: “Он Эзади спандормену, ки жарфтарин менуи ҳамаи менувон аст ва дар гавҳари хеш яктост ва номаш Урмузд аст. Худовандгори бузург ва доно ва додор ва парвардигор ва нигаҳдоранда ва меҳрубон ва кирфакор ва бахшоянда ва пок ва нек ва додгустар ва ҳаматавон” (5,76). Ва Имом Ҷаъфари Содиқ гӯяд: “Рӯзи нек аст барои ҷома пӯшидан ва гармоба рафтан, мӯй тарошидан” (7,266). Ва дар андарзномаи зардуштӣ барои гузаронидани Ҳурмуздрӯз тавсия медиҳанд, ки “май хор ва хуррам бош”(7, 273; 14).
Номи ин рӯз дар катибаи Шопури Саконшоҳ дар Персеполис низ ҳакоккӣ шудааст: “Моҳи тир дар соли 68, рӯзи Ҳурмузд (буд), ҳангоме ки ман Сулук – додвари рости Шопур ва Кобул ба Садсутун омадам (4,14).
Ин рӯзи фархундаву хуррам дар “Шоҳнома” низ омадааст:
Яке кӯдак омадаш Ҳурмуздрӯз,
Ба нек ахтару фол гетифурӯз.
Урдубиҳишт дар форсии миёна Art/Urt-vahišt, эронии бостон arta/rta+vahišta – “беҳтарин ростӣ”. Рӯзи сеюми моҳ аст ва дар рӯзи сеюми моҳи Урдубиҳишт идест бо номи Урдубиҳиштгон. Берунӣ маънои ин номро “ростӣ беҳтар аст” гуфтааст, ки бар асоси решашинохтӣ шарҳи ин вожаи мураккаб комилан дуруст аст. Ҷузъи arta дар эронии бостон маънои “росткирдор, парҳезгор”-ро дорост ва ин андешаро Берунӣ таъйид мекунад: “Ва урдубиҳишт малаки оташу нур аст. Ва Худованд ӯро бо ин кор муваккил карда, ки ин низ илалу амрозро ба ёрии адвияву ағзия нест кунад. Ва сидқро аз кизб зоҳир кунаду ҳақро аз ботил ба савгандҳое, ки гуфтаанд, дар Авесто дида мешавад, тамиз кунад” (2,239). Дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” омадааст “ту урдубишти менавии порсоӣ ва фарри рӯшанӣ ва тандурустӣ, к-ат гетӣ аст, оташи сурхи сӯзони боиста ба ҳар дом ва деҳиши Ҳурмузд дар ин геҳон, ҳама доми гетӣ <аз ӯ> ногузир <аст>. В-азеро Ҳурмуздхудой ӯро оташи сурхи сӯзон, рӯшани некчеҳр дидори торикии сӯзон, дар ҳар чизе фароз дод. Ҳамчунон ки торикии шаб аз пеши хуршед ба шигифтӣ нопайдо шавад. Он гуна аз пеши ту – урдубиҳишт, торикӣ гурезон <аст>. Ёрии ҳар кас ба суди хосторӣ дар ҳар кор ва додситон ва дармонбахши ҳар дарде. Дард намеофаринӣ, ки туро об (=дар бахшиш ва рӯшанӣ) андар набояд, ки тавбаи неруи гармии хеш тобӣ, гарду хок ва ҳар гуна сангу гавҳар ба ту раво бувад (=ба ту бастагӣ дорад)” (12,138). Урдубиҳшт дар “Шоҳнома” номи моҳи дуюми тақвими яздигурдӣ ст:
Баҳорест хуррам дар Урдибиҳшт,
Ҳама хок анбар, ҳама зар хишт.
Шаҳривар – Šatrēvar номи яке аз амшоспандон рӯзи чаҳоруми моҳ аст ва Берунӣ онро чунин таъриф мекунад: “маънои ин ҳифзи дӯстӣ ва орзу аст. Ва Шаҳривар фариштаест, ки ба ҷавоҳири ҳафтгона, ки тиллою нуқра ва дигар филиззот, ки қивоми санъату дунё ва мардум бад-он аст, муваккил аст”(2,240). Дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” Шаҳриварро амшоспанди филиз номидаанд: “Худой ба коми Шаҳривар амшоспандонро меситоем. Эвахшуст (=филиз)-ро меситоем” (12, 124). Ва рӯзи чаҳоруми Шаҳривармоҳро “Озарҷашн” гӯянд “ва ин рӯз барои оташҳое, ки дар хонаҳои мардум аст, ид аст. Ва ин ид дар қадим оғози зимистон буда ва дар ин ид оташҳое бузург дар хонаҳо меафрӯхтанд ва ибодати худованду ситоиши ӯро зиёд менамуданд. Ва барои сарфи ғизо ва дигар шодмониҳо ба гирди ҳам ҷамъ меомаданд” (2,241). Аз ин рӯ дар андарзномаҳо низ қайд кардаанд, ки дар “Шарҳриваррӯз шод бош! (ва парҳези Аюшаст кун)” (7, 275).
Фирдавсӣ аз рӯзи Шаҳривари моҳи Баҳман чунин ёд мекунад:
Ба Шаҳривари Баҳман аз бомдод,
Ҷаҳондор Доробро бор дод.
Исфандормуз дар забони авестоӣ spənto-δāta – “офаридаи [хирад] муқаддас”, дар паҳлавӣ Spandarmat – номи бағдухти замин, номи амшоспандон аст ва номи панҷумин рӯзи моҳ ва дувоздаҳумин моҳи сол буда, “маънои он ақлу ҳилм” аст. Ва “Исфандормӯз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва дар ин ид мардон ба занон бахшиш менамуданд” (2,252). Дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” амшоспанди замин ситоиш шудааст: “Спандормази менавии афзунибахш ва бувандакменишӣ (=камоландеша), к-ат гетӣ замини некофаридаи пурбар ва ёрманд (ёридиҳанда) аст” (2,252). Азбаски Исфандормуз ваколатдори замин аст, дар андарзномаҳои зардуштӣ куниши он рӯзро бо замин пайванд додаанд: Дар “Спандормазрӯз варзи замин кун…” (14,106).
Хурдод дар haurvatāt – “тамомияти комил”, дар паҳлавӣ хvardat номи яке аз амшоспандон аст, ки муваккили об ва гиёҳ аст ва рӯзи шашуми Хурдодмоҳ буда, бино бар қавли “маънои ин ном суботи халқ аст. Ва Хурдод малакест, ки ба тарбияти халқ ва дарахтону наботот, нест кардани палидӣ аз обҳо муваккил аст” (2, 239). Дар осори паҳлавӣ дар бораи пок нигаҳдории об аз ҷониби Хурдод омадааст: “Хурдод рад ва низ он (=ради) солҳои некзивишнӣ ва соли порсоии рад. Ва раде соли ӯ ин ки некӣ, ки андар сол бибахшанд, нахуст дар рӯзи Хурдод бахшидаанд. Андар ҳамаи рӯзҳо бахшанд, дар рӯзи Хурдод афзунтар бахшанд. Гетии ӯ об <аст>, чунонки об дар гетии бузург суд <аст> ҳамон гуна низ Хурдод ба мену ва гетӣ ҳар ду бузург суд <аст>]” (11,122) ва “Хурдодро, ки туро гетӣ оби тозони пок аз ҳар риманӣ (=нопокӣ), душкирдорӣ (=бадкирдорӣ) аст, ки деви патёра бар он <риманӣ ва душкирдорӣ> бурдан натавонад. Аз бас фаровон (=бувандак) об андар ҳафт кишвар аст, ки ба ҳар кишвар спурик (=комил) ва арзманд ва ҷондоштор (=нигоҳдорандаи ҷон) об <аст>, ки ҳеч ҷонуманде ҷудо аз ӯ як замон пойдорӣ натавонад” (12,141). Аз ин рӯ дар андарзномаи зардуштӣ дар ин рӯз, ки муваккилаш Хурдод аст, фармудаанд, ки дар “Хурдодрӯз ҷӯй кан ва аз об бипарҳез” (7, 275). Ва андар “Шоҳнома” моҳ ва рӯзи Хурдод баробар корбаст шудаанд:
Бурун рафт хуррам ба Хурдодрӯз,
Ба нек эҳтирому фол гетифурӯз.
Ки тоҷи Каён ёфт аз Яздгард,
Ба Хурдодмоҳ андарун рӯзи Ард.
Мурдод/Амурдод дар эронии бостон a-murtāt – “бемаргӣ, фанонопазирӣ”, дар паҳлавӣ amurdat/amurdād – номи шашмумин амшоспанд аст ва низ номи паҷумини моҳи сол ва ҳафтумин рӯзи моҳ. Берунӣ Мурдодро чунин таърифу ташреҳ мекунад: “Маънои Мурдод он аст, ки маргу нестӣ надошта бошад. Ва Мурдод фариштаест, ки ба ҳифзи гетӣ ва вуҷудиёти ғизоҳо ва давоҳое, ки он набот аст ва барҳамдиҳандаи ҳар гуна касалӣ ва зарару амроз ҳастанд, муваккил аст” (2,241). Дар ситоиши Амурдод дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” омадааст, ки “Сипос дорам аз додори беҳафзунибахши маҳисти менавиён ва гетиён, к-аш фароз офарид ту, Амурдодро, к-ат гетӣ аст урварбахшанда, бисёртухм, бисёрхорум, бисёргун шукуфа, ки дориш ва парвариши гетиён <аст>” (12,141). Ва андар суннат “Амурдодрӯз дору дарахт нишон” (12,275). Фирдавсӣ дар ин рӯз шод буданро тавсия медиҳад:
Зи Мурдод бош аз бару бум шод,
Даю Урмуздат хуҷаста бувод.
Озар дар паҳлавӣ Ātūr оташ ва низ номи эзад ва нуҳум моҳ дар гоҳшуморӣ ва нуҳум рӯз аст, дар эронии бостон ātr. Агар рӯзу моҳи Озар ба ҳам оянд, иди “Озарҷашн” барпо мешавад “ва дар ин рӯз ба афрӯхтани оташ эҳтиёҷ меёбанд. Ва ин рӯз иди оташ аст. Ва ба номи фариштае, ки ба ҳама оташҳо муваккил аст, мавсум аст. Ва Зардушт амр кардааст, ки дар ин рӯз оташкадаҳоро зиёрат кунанд ва дар корҳои олам машварат кунанд” (2, 246). Ва дар андарзномаи зардуштӣ омадааст, ки дар “Озаррӯз ба роҳ шав ва нон мапаз”, яъне оташ наяфрӯз, ки хилофи русуми Озарҷашн аст (7,275).
Ин вожа дар “Шоҳнома” ба се маънӣ корбаст шудааст:
-номи моҳу рӯз:
Даю Баҳману Озару Фарвардин,
Ҳамеша пур аз лола бинӣ замин.
-оташ:
Бифармуд, то озар афрӯхтанд,
Бар ӯ уду анбар ҳаме сӯхтанд.
-исми шахс:
Чу Рустам бидидаш барангехт асп,
Биёмад бар вай чу Озаргушасп.
Обон маъхуз аз аpān – обҳо, обонмоҳ, об, фариштаи нигаҳбони об, номи ҳаштумин моҳи сол ва даҳумин рӯзи моҳ аст. Ҷашни Обонгон рӯзи даҳуми Обон баргузор мешавад “ва дар ин рӯз баҳри номуси мурдагон дар пушти хонаҳо таому шароб мегузоштанд. Ва дари хонаҳои худро бо сипанд дуд мекарданд…” (2,245). Андар ситоиши Обон дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” омадааст: “Ситоиш ба ту ва сипоси ту дорам, ки фароз офаридӣ фарри Обон…” (12,144). Аз ин рӯ дар Обонрӯз мебояд обҳоро пок нигоҳ дошт ва “аз об парҳез куну об маёзор!” (7, 275).
Хур/Хвар, дар паҳлавӣ xvar ва эронии бостон h(u)var “рӯзи ёздаҳум “рӯзи Хур” аст, ки онро дай ҳам гӯянд, (2, 247). Вожаи хур дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” дар шакли Хуршед омадааст: “Сипос дорам аз додори афзунибахши бо фарру хорӣ ва осонӣ, додоре, ки фароз офарид хуршедро барои гетиён” (5, 247). Ва дар андарзҳо омадааст: “Хуррӯз кӯдак ба дабиристон деҳ, то дабиру фарзона бошад” (7,275). Хур ба маънии хуршед дар “Шоҳнома” омадааст:
Ҷуз аз рою фармони ӯ роҳ нест,
Хуру моҳ аз ин дониш огоҳ нест.
Тир/тиштар паҳлавӣ Tištar – номи эзади борон аст ва низ номи ситораи Тир ё Аторуд, дар авестоӣ Tištrya. Рӯзи сездаҳуми моҳ аст ва дар моҳу рӯзи Тир барои иттифоқи ду ном Тиргонро ҷашн гиранд ва ривояти ду сабаби барпошавии ин идро Берунӣ меорад (2,239; 3). Амшоспанди борон дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” чунин ситоиш шудааст: “Сипос дорам аз додори некиафзойи неккирдор, к-аш фароз офарид, ту, Тиштар, роди фарраҳманди судманди боронкирдор… Бошад, ки барои судмандии дом борони фаровон биборӣ ба ҳамаи кишварҳо” (12,145). Аммо дар манобеи зардуштӣ исми ин рӯзро бо вожаи тир (силоҳ, гулула) яке медонанд, ба ин далел дар андарзнома омадааст: “Тиррӯз кӯдак ба тир андохтан ва набард ва саворӣ омӯхтан фирист” (7,275). Ва дар ин рӯз шустушӯ ва оббозӣ расм аст, ки бо ривояти рафтани Кайхусрав ба сӯйи чашма пас аз набард бо Афросиёб пайванд мехӯрад “ва расми ғусл кардану шустушӯй ба ин об ва дигар обҳои чашмаҳо боқӣ ва пойдор монд аз роҳи табаррук”(2,241).
Гӯш/Ҷӯш (дар ҷойи дигари “Осор-ул-боқия” гӯш) маъхуз аз gōšurvan -равони гов, номи эзаде аст, ки нигаҳбони чорпоёни судманд аст. Рӯзи чордаҳум, ки онро “сирсур” низ гӯянд. Дар ситоши ин рӯз чунин омадааст:“Сипос дорам аз ту, додори беҳи меҳрубон, спанто мену, ки фароз офаридӣ гушурвани менавии дравосп афзор (=неруи) Ҳурмузддод, фарраи фарёдраси ёрманд ба ҳамаи домони ту, Ҳурмузди арвандасп ва гови евакдод (=ягона офарида), гӯспанди пурсарда барои ёрӣ ва нигоҳдории мардуми порсо, ки аз ӯ <ст>, гови варзо барои ободон кардани ҷаҳон, асби тезарванд барои заниши Анэрон ва гунаҳкорон, панҷ гуна гӯспанд, ки дорои дувисту ҳаштоду ду сарда <аст>, ки аз эшон бисёр фаровонӣ ва некӣ ва некзивӣ ба домони Ҳурмузд расад (4,147). Ба қавли Берунӣ “дар ин рӯз эрониён сиру шароб мехӯранд ва сабзиҳоро бо гӯштҳое, ки барои халос шудан аз шайтон зарур аст, мепазанд. Маънои вожаҳо бо анҷоми амалҳои тавсияшуда бо андарзҳои зардуштӣ пайванд мехӯрад: “Гӯшрӯз парвариши равони гов кун ва гов ба варз омӯз” (7, 275; 14,108).
Дайбамеҳр рӯзи понздаҳуми моҳ, баргирифта аз day- додор, холиқ ва рост омадани ин рӯзро дар моҳи ҳамномаш “дайбагон” гӯянд (2, 247). Дар ин рӯз “аз хамир ё гил шахсеро ба ҳайкали инсонӣ месозанд ва дар роҳраву долони хонаҳо мегузоранд”, ки дар адвори баъдӣ аз байн рафтааст. Дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” номи ин рӯз Додор аст ва чунин ситоиш мешавад: “Ситоям ва хонам ту, Додори афзунибахшро аз акнун то ҷовидон замон, … Додори доштор ва нигоҳдори домони хешӣ ва поккунанда ба меҳрубонӣ ва бахшандагии хеш аз ҳар оҳу ва патёрмандӣ ва ҳамаро бароварӣ, чи ашав ва низ чи друванд ва низ касеро аз домони хеш дар дасти шикастори дуруҷ наҳелӣ (14, 147). Ва дар андарзҳои зардуштӣ омадааст, ки “Дайбамеҳррӯз сар шӯӣ ва мӯй ва нохун вероӣ ва ангур аз разон боз ба чархушт афкан то беҳ шавад” (4, 108,7).
Меҳр рӯзи шонздаҳуми моҳ аст, баргирифта аз авестоии miθra ва паҳлавии mihr – Эзадмеҳр, хуршед, рӯшаноӣ; дӯстӣ, сулҳ, вафо, паймон, қарордод, аҳд. Дар рӯзи 16-уми меҳрмоҳ иди бузурге бо номи Меҳргон ҷашн гиранд, “ки дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад” (2,243; 4,126). Андар ситоиши ”меҳри фарохчарогоҳи ҳазоргӯши беварчашм” меҳр дар “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” омадааст: “эй Меҳр андар гетӣ ва мену, касе фаррухтар аст, ки ба ҳеҷ ойина меҳрдуруҷӣ накунанд на бо ҳамдинон ва на бо друвандон ва низ на бо он кас, к-аш аз паймон шикастан зиён кам аст. Чи ҳар ду меҳр (=паймон) аст <бо> ашавон ва низ <бо> друвандон. Ба василаи ту, эй меҳртухмаи мардумон, дар гетӣ ороста аст, ки пайванди ҷаҳониён ба роҳи ту биравад” (12, 149). Ва дар андарзҳои зардуштӣ омадааст, ки дар ин рӯз шафоат хостан дуруст аст: “Меҳррӯз агарат аз касе гиламандие абар расидааст, пеши меҳри эзад аз меҳр доварӣ хоҳ ва гила кун!” (7, 275; 12).
Фарвардин дар паҳлавӣ fravartīn ва эронии бостон fra-varti-nām муштақ аз fravarti – “фраваҳар” рӯзи нуздаҳуми моҳ аст ва яке аз шаш ҷашни сол ӯ охирин гаҳанбор аст, ки онро “Наврӯзи наҳрҳо” гӯянд ва дар обҳои ҷорӣ атру гулоб мерезанд” (2,253). Ин ҷашн ба фраваҳарҳо дахл дорад ва “рӯзи савганд махӯр ва рӯзи язиши фраваҳари аҳлавон кун, то хушнудтар бигарданд” (14, 276).
Бод (дар ҷойи дигари “Осор-ул-боқия” боз) дар эронии бостон vāta, паҳлавӣ vāt- “бод, туфон, ҳаво”, рӯзи бисту дуюм ва дар ин моҳ идест, “ки дар Қуму навоҳии он русуме аз шурбу лаҳв барои ин ид қоил мешаванд” (2,250). Андар ситоиши бод омадааст: “Сипос дорам аз додори беҳафзунибахш, к-аш фароз офарид ту боди некӯкори пурнеру, он к-ӯ далерии мардон ва зиндагии ҳамаи ҷонварон ба василаи ӯ ороста шудааст, ки ҳамаи ҷонварон, ки дар гетӣ зинда ва кору кирдор раво ва неруманданд ба роҳи бод аст. Асбро арвандӣ ва тезтакӣ ва мардро таковарӣ ва нерумандӣ ва пойдорӣ дар корзор ва ёфтани душманон боздорӣ ва сипӯхторӣ ва нобуд сохтани душманон ба неруи бод <аст>. Ёрии <ӯ> ба ҳамаи разм ва корзор бирасод. Ҳар киро бод пуштибон аст, пирӯзӣ ҳамеша бо ӯст” (12,154) Тибқи андарзи зардуштиён дар “бодрӯз даранг кун ва ба кори нав мапайванд” (14,108).
Аштоз/аштод. Aštāt – номи рӯзи бистушашуми моҳ аст ва номи бағдухти ростӣ ва дурустӣ аст. Дар сифати рӯзи Аштозрӯз Берунӣ мегӯяд: “Рӯзи бисту шашуми ин моҳ оштозрӯз аст, ки аввали гаҳанбори сеюм бошад ва он се рӯз аст, ки охири он охири моҳ аст. Ва Худованд заминро дар ин вақт офарид” (2,239). Ситоиши Сирӯза чунин аст: “Ситоям Ҳурмузд ва хоҳам, ки маро аз ту – Аштод, ободӣ ва афзунӣ ва суду ромишу хорӣ ва пурбаҳриву фарохӣ бирасод ва ба ҷовидонӣ поёд” (12,156). “Ба рӯзи фарвардингон, ҳама девон ва друҷон беҳуш шаванд, ки аз рӯзи аштод то (рӯз) ваҳиштуяштгоҳ Ошмуғон огоҳӣ (аз) ин геҳон надоранд” (11, 109). “Аштод рӯз асп, гов, стур (барои ҷуфтгирӣ) ба гушн ҳел то ба дурустӣ бозояд” (7, 276)
Анирон авестоӣ anayran – “рӯзи рӯшаниҳои бепоён, беоғоз” ва паҳлавӣ anērān рӯзи сиюм аст ва ин вожаро “рехтани об” тафсир кардаанд ва дар “Сирӯзаи бузург” ин рӯз чунин ситоиш шудааст: “Равонҳои порсоён аз гузарҳои роҳи фарох (=Чинватпул) ба осонӣ ба ҳастии бетарин (=биҳишт) гиромивор расидан тавонанд. Ҳамвор ситоям ва язам додори меҳрубон Ҳурмузд ва амшоспандон ва ҳамаи эзадонро. Хоҳам, ки андар ҳастии беҳтарин (=биҳишт) равонамро арзонӣ доранд, андимонӣ (=мулоқот, муаррифӣ) бо Ҳурмузд ва амшоспандонро ва биёмурзандам ба дил, ки дар дарозои зиндагӣ хешинидан (аз они хеш кардан)-и роҳ ва пандеро, ки бад-он (=бо кор бастани он) шоистаи омадан ба ҳастии беҳтарин ва ҳама осонӣ гарутмон бошам хостор (ва дар анҷом додани он) неруманд бошам” (4, 159). Дар андарзҳои зардуштӣ “Анеронрӯз мӯй ва нохун верой ва зан ба занӣ гир, то зани номвар зояд” (7, 277).
Рӯзҳои Баҳман, Дайб Озар, Суруш, Назир, Баҳром, Ром, Дайбадин, Дин, Ард, Осмон, Зомиёз, Морасфанд дар бахши рӯзҳои моҳи порсиён дар “Осор-ул-боқия” номбар шуда, аммо шарҳу тавзеҳ наёфтаанд. Аз таърифу шарҳи 18 номи рӯзҳо ва ҷашну маросимҳое, ки дар ин рӯзҳо барпо мешаванд, бармеояд, ки Берунӣ аз гоҳшумории яздигурдӣ, ки идомаи ҳамон гоҳшумории сосонӣ аст, аз адабиёти зардуштиён ва расму суннатҳои онҳо огоҳии хуб доштааст, ки дар ашъори шоирон низ аз ин гоҳшуморӣ ёд шудааст. Гоҳшумории порсиён аз замони густариши ислом дар канори тақвими қамарӣ роиҷ буда, шеваи ҷашнгирии бархе аз ин рӯзҳо то замони мо боқӣ мондааст.
Адабиёт:
1. Берунӣ. Китоб ут-тафҳим.-Душанбе:Дониш,2022.-605с.
2. Берунӣ. Осор-ул-боқия.- Душанбе:Ирфон, 1990.-430с.
3. Берунӣ А. Избранные произведения. Т.II. Перевод Халидова А.Б. и Завадовского Ю.Н. – Ташкент, 1963. – 727 с.
4. Мероси хаттии бостон.Гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф.- Душанбе, 2017 -400с.
5. Динкард. Гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф.- Душанбе, 2018.-343с.
6. Фрай.Р. Наследие Ирана. – М.: Наука, 1972. – 467с.
7. اشه ر. آذرباد مهرسپندان.-تهران،۱۳۸۱.-۵۷۲ص
8. تفضلی ا. تاریخ ادبیات ایران پیش از اسلام. – تهران، 1378. – 273ص
9. حسن دوست م. ریششناختی زبان فارسی.۴ج.- تهران،۱۳۹۵.-۲۹۵۵ص
10. جنیدی ف. پیشگفتاری بر ویرایش شاهنامه.-تهران،۱۳۸۷.-۴۷۵ص.
11. روز هرمزد ماه فروردین. برگردان ابراهیم میرزای ناظر.- مشهد،۱۳۷۳.-۱۰۳ص
12. سی روزه کوچک، سی روزه بزرگ. آوانویسی، تصحیح متن، ترجمه از آذرمیدخت دهدشتی.-تهران،۱۳۶۳.-۲۳۳ص
13. . کتیبه های ایرانی میانه.پژوهش سعید عریان. – تهران،1382. – 241 ص
14. متون پهلوی. ترجمه و آوانوشت سعید عریان، ۱۳۷۱.-۵۷۳ص.
15. ملایری م. تاریخ و فرهنگ ایران.ج. 4پ تهران:انتشارات توس، 1380.-436 ص
Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва
адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илми филология