Бегоҳирӯзии 20 сентябри соли 2023 ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ба дидорбинии шаҳрвандони ба Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург рафтааст.
Дар ин бора Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар дода, менависад, ки 112 ҳамватан, аз ҷумла як зану 5 кӯдаку наврас дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов 15/4 нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, барои онҳо ва шаҳрвандони кишварҳои дигари хориҷӣ дастархони зебову хушмаззаи тоҷикӣ ороста шудааст.