Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Давоми солҳои охир шаҳри Кӯлоб бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва таҷдиду навсозии боғҳои истироҳатӣ, роҳу пулҳо ва хиёбону гулгаштҳо симои хешро ба куллӣ тағйир додааст. Дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр беш аз 800 иншоот сохта, ба истифода дода шуда буд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 иншооти дигар бунёд мешаванд. Дар ин замина дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор» бо фармоиши Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҷониби пудратчӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паргор» сохтмони муассисаи томактабӣ барои 200 нафар кӯдак идома дорад. Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит муҳайё мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюм ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба пӯшонидани болои бино шуруъ менамоянд.
Бо дастури роҳбарияти олии мамлакат дар маркази шаҳр сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардида оғоз гардидааст. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша аллакай пойдевори манзилҳои истиқоматӣ сохта шуда, барои бунёди деворҳо корҳо идома доранд.
Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо фармоиши идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҶДММ «Давлатманд» барқарорсозии обравҳои паҳлуи роҳ идома дорад. Сохтмончиён дар паҳлуи роҳҳо ба воситаи оҳану бетон девор месозанд, ки валангоршавии роҳи автомобилгардро пешгирӣ менамояд. Дар ин ҷо 12 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Дар кӯчаи ба номи С. Сафаров бо фармоиши идораи сохтмони асосӣ ҶДММ «Қобилҷон ЛТД» корҳои барқарорсозии обравҳоро шуруъ намудааст. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Тавре муҳандис Саломиддин Раҷабов иттилоъ дод, «дар кӯчаи мазкур аз ҳисоби хурд будани ҳаҷми обравҳо мушкилӣ пеш омадааст ва барои рафъи ин он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо намудааст. Кормандони идораи сохтмони асосӣ ҷараёни корҳоро пайваста назорат мебаранд».
Дар дигар иншооти ҷашнӣ низ корҳо бомаром идома дошта, масъулон кӯшиш доранд иншоотро сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоранд.