Шоми имрӯз дар доираи баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, баргузор гардид. Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъат, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, хушу хотирмон идома ёфт.
Нуралӣ Давлат
радиои “Тоҷикистон”