Рӯзҳои 13-14 сентябри соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистони нахустин Форуми олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” хабар дода афзуд, ки дар Форум иштироки президентони академияи илмҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Турманистон ва олимони риштаҳои гуногуни илм аз ин кишварҳо дар назар аст.
Ба иттилои Фарҳод Раҳимӣ санаи 13-уми сентябр пас аз нисфирӯзӣ барномаҳои Форум шуруъ шуда, нахуст меҳмонон аз дастовардҳои олимони АМИТ шинос мешаванд. Баъд аз он олимон аз Осорхонаи АМИТ ҳам дидан хоҳанд кард.
Санаи 14-уми сентябр бошад дар толори асосии АМИТ ҷаласаи қисмати пленарии нахустин Форуми олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мегардад. “Дар ин қисмат баромадҳои президентони академияи илмҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. Баъдан баромадҳои илмӣ аз тарафи олимони ҳамаи кишварҳо сурат мегирад. Масъалаи асосӣ аз он иборат аст, ки мо ҳамкориҳои худро дар бахшҳои гуногуни илм мушаххас намоем. Бо ин академияҳо мо созишномаҳо бастем. Дар чорчубаи ин Форум байни академияҳои илмҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон созишномаҳои ҳамкорӣ баста мешавад. Инчунин лоиҳаҳои ҳамкорӣ, баргузории форум, симпозиум, конференсия ва нишастҳои илмии якҷоя ба нақша гирифта мешавад. Дар интиҳои Форум баёнияи муштарак қабул карда мешавад. Умедворам ин ба манфиати ҳамаи мост, то тавонем дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ корҳои илмӣ-тадқиқотии муштаракро ба роҳ монем”-мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ.
Ба гуфтаи ӯ баргузории ин Форум ташаббуси Тоҷикистон буда, пас аз соҳибиқтисқлолии кишварҳои Осиёи Марказӣ бори нахуст олимону пажӯҳишгарони ин минтақа ба таври фарогир гирди ҳам меоянд.