Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш муҳтарам Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».