Маҷмӯаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-июли соли 2023 ба нашр расидааст.
Тавре Агентии омор хабар медиҳад, ин маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оиди вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро дар бар мегирад.
Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли ҷорӣ ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумотҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, таҳия менамояд.
Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, иттилооти васеъ пешниҳод карда мешавад.