Шиносоии муовини якуми вазири маориф ва илм аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт

21 августи соли равон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади шинос шудан ба рафти омодагӣ ба соли нави хониш аз муассисаҳои таълимии №№ 1, 60, 26 ва 54-и ноҳияи Рашт боздид кардааст.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати маориф ва хабара додааст, зимни боздид аз муассисаҳои таълимии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, машварати августии кормандони соҳаи маориф, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, қабули хонандагон ба синфи як ва гузаронидани давраи мутобиқшавӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ, аз таъмири капиталӣ баровардани муассиҳои таъмирталаб, азнавбақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати бо омодагии пурра пешвоз гирифтани соли нави хониш ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.

Дар идома Ҷамшед Ҷӯразода ба корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и деҳаи Поче шинос гардид. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур бо маром идома дошта, бинои муассиса бо ба инобат гирифтани стандартҳои муосири сохтмони муассисаҳои таълимӣ сохта шуда истодааст.