Дар ноҳияи Роштқалъа бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар аст

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супорида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа хабар доданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 175 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардида буд.

Тазаккур дода шуд, ки ба истифода додани иншооти мазкур сабаби боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мегардад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 август зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа иброз доштанд, ба шарофати истиқлоли давлатӣ тамоми гӯшаю канори мамлакат рӯз то рӯз ободу пешрафта гардидааст.

«Дарвоқеъ, ҳоло тамоми Ватани маҳбубамон ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, мардуми бонангу номуси мамлакат, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ба хотири ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ ва дар маҷмуъ, Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистон саъю талош намуда истодаанд, ки ноҳияи Роштқалъа низ аз ин раванд истисно нест», -изҳор доштанд Сарвари давлат.