Ҷудокорони тоҷик мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2023-ро бидуни натиҷа ҷамъбаст намуданд

Рӯзҳои 18-20 август дар пойтахти Хорватия шаҳри Загреб мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2023 баргузор гардид.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 561-варзишгар (339-мард ва 222-зан) аз 88-кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи 14-номгӯи вазнҳо (7-вазн миёни мардон ва 7-вазн миёни бонувон) сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Обид Ҷебов (-66кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) муаррифӣ намуданд.
Аввалин шуда миёни ҷудокорони тоҷик Обид Ҷебов (-66кг) рақобатҳоро оғоз намуд. Ӯ дар даври аввал бо Андрей Клокови 31-сола аз Литва рақобат намуда, бо ду вазарӣ ғолиб омад. Дар даври дуюм бошад Обид аз паҳлавони пуртаҷрибаи ӯзбек Муҳриддин Тилавов бо гирифтани се огоҳӣ «шидо» шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Паҳлавони дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов дар рӯзи сеюми мусобиқа дар вазни -90кг бо Петер Сафрани аз Маҷористон рақобат намуда, дар вақти асосӣ бо имтиёзи иппон ноком шуд.

Қабл аз баргузоршавии мусобиқа Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар мусобиқоти Zagreb Grand Prix 2023 Тоҷикистонро – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Меҳрзод Суфиев (-60кг), Обид Ҷебов (-66кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) намояндагӣ мекунанд, лекин бо сабаби мушкилии раводид Меҳрзод Суфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов натавонистанд дар ин мусобиқа ширкат намоянд.