Cироҷиддин Муҳриддин сафири Эронро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт

21 августи соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собириро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазир ба сафири Эрон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас  хоҳад гузошт.