“Имрӯз мо набояд ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавре баҳогузорӣ кунем, ки гӯё мо дар татбиқи он ҳоло омода нестем. Ҳеҷ як ислоҳот бидуни мушкилот ба даст намеояд.” – ин нуктаро Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи кишвар дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи мушкилоти марбут ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ баён намуд.
Ба таъкиди Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи кишвар пас аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаву корхонаҳо уҳдадор шуда буданд, ки дар татбиқ намудани ин низом як қатор корҳоро ба сомон расонанд.
Суоли дигари мавриди назари хабарнигорон қарордошта, дар ин нишасти хабарӣ ин чигунагии таъмини фаъолияти сиёсати берунаи кишвар буд.
Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои молиявии кишвар дар назди шарикони рушд дар давраи ҳисоботӣ барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ маблағ дар ҳаҷми 121,5 млн доллари амрикоӣ, аз ҷумла қарзи асосӣ 82,5 млн доллари амрикоӣ ва фоизҳои он дар ҳаҷми 39,0 млн доллари амрикоӣ равона гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи беруна, бо дарназардошти баргардонидани қарзҳо дар доираи як қатор лоиҳаҳо ва фарқияти қурбӣ маҷмўан ба маблағи 18,9 млн доллар кам гардид. Ба иттилои вазири молияи ҷумҳурӣ мушаххасан, тағйирёбӣ аз амалиётҳои афзоиши азхудкунии маблағҳои қарзӣ – 63,4 млн доллар , афзоиш аз ҳисоби фарқияти қурби асъор – 9,4 млн доллар ва коҳишёбӣ аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ – 91,7 млн доллар иборат мебошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати рушди ММД-ро асосан аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, гардиши бор, гардиши мусофирон, кишоварзӣ, сохтмон, гардиши савдо ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ таъмин гардид.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”