Байни Тоҷикистону Британияи Кабир 23 санади нави ҳамкорӣ бо маблағи зиёда 370 имзо шудааст

Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нахустин ҳамоиши сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон 28-29 март доир гардид, ки соҳибкорони ду кишварро ба ҳам овард.

Байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд. Бино ба иттилои манбаъ ҳамчунин дар нишасти матбуоти вазир зикр кард, ки рӯзи 3 май дар арафаи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ҳамоиши соҳибкории ду кишвар баргузор гардид, ки аз натиҷаи он 60 санади нав ба маблағи 2,6 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.

Дар натиҷаи Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон 8 май 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки маблағи умумии он 43 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти вазири корҳои хориҷии кишвар 18 май дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Чин, мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони беш аз 40 ширкати бонуфузи чинӣ доир карда шуд.

Маликов М.