БМТ: Сатҳи таваррум 1,8 банди фоизӣ кам шудааст

Дар нимсолаи гузашта сатҳи таваррум 2,3 фоизро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода баён дошт.

Ба таъкиди манбаъ меъёри бозтамвил, ки ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ аз аввали соли 2023 тадриҷан ба андозаи 3,0 б.ф. паст карда шуда, дар сатҳи 10,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2023 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ 7,0 фоиз баланд шудааст. Инчунин Фирдавс Толибзода муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2023 маблағи 9,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,7 млрд. сомонӣ ё 42,1 фоиз афзудааст.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”