Дар шаш моҳи соли равон 129 ҳолати интиқоли ғайриқонунии молҳои зераксизи ошкор шудааст.
Дар ин хусус зимни баргузории нишасти хабарии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, шарҳ дода шуд, ки аз ин ҳолатҳо 30 ҳолат ба маҳсулоти спиртӣ, 43 ҳолат ба маҳсулоти тамоку, 1 ҳолат ба маснуоти заргарӣ, 1 ҳолат ба маҳсулоти сӯзишворӣ, 54 ҳолат ба дигар молҳои зераксизӣ, аз қабили нушокиҳои шарбатӣ, нушокиҳои газнок, нушокиҳои қувватбахш, резинчархаҳо ва воситаҳои нақлиёти сабукрав рост меояд.