Гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 3, млрд. 393 млн. доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324,7 млн. доллар ё 9% кам мебошад. Воридоти мол аз ин ҳисоб 2740,1 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 414,7 млн. доллар ё 18% зиёд аст. Ин нуктаро Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ баён намуд.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 653,3 млн. доллар содирот шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 739,4 млн. доллар ё 53% коҳиш ёфтааст. Илова бар ин дар нимсолаи якуми соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 36,1 млн. доллар ёрии башардӯстона ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 40,2 млн. доллар ё 52,7% кам мебошад.
Ҳамчунин дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол ба кишварҳои Россия 40,4 млн. доллар, Сингапур 10,3 млн. доллар, Аморати Муттаҳидаи Араб 5,2 млн. доллар, Хорватия 1,3 млн. доллар, Белорус 1,1 млн. доллар, афзоиш ёфта, ба кишварҳои Швейтсария 465,7 млн. доллар, Қазоқистон 94,8 млн. доллар, Хитой 75,7 млн. доллар, Белгия 53,4 млн. доллар, Туркия 28,7 млн. доллар, Узбекистон 29,1 млн. доллар, Афғонистон 19,5 млн. доллар ва Эрон 14,3 млн. доллар коҳиш ёфтааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”