Шурӯъ аз имрӯз, 11-уми августи соли ҷорӣ даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2023” оғоз мегардад.
Дар ин давр дастаҳои ҳаваскори 12 шаҳру ноҳияи кишвар -Панҷакенту Рӯдакӣ, Хуҷанду Сино, Хуросону Шуғнон, Ҳисору Рӯшон, Абдураҳмони Ҷомӣ Мастчоҳ ва Муъминободу Файзобод бо ҳам сабқат хоҳанд кард.
Макони баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2023” дар амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ интихоб гардидааст.
Фестивал ҳамарӯза аз соати 18:00 оғоз шуда, хоҳишмандону алоқамандони санъату ҳунарҳои миллию халқӣ метавонанд маҳорату истеъдоди ҳаваскорону аҳли фарҳангро аз наздик бубинанд.
Даври ҷамъбастӣ ва тақдими мукофотҳо ба ғолибону иштирокчиёни фаъоли Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2023” 18 август дар амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.