Зимни нишасти хабарии Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҷомӣ Умаров муовини директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфт, ки барои ба пардохти ғайринақдӣ гузаштан Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо “Амонатбок” ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.
Ба таъкиди ӯ нозирони ҷамъияти мазкур дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ҷиҳати пардохти ҳаққи нерӯи барқ таввасути ҳамёнҳои мобилӣ ва кортҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд ва муштариёне, ки қарздоранд тавассути кортҳои худ метавонанд, ки маблағро пардохт кунанд.
Дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки насби ҳисобкунакҳои барқӣ асосан аз тарафи муштариён ба роҳ монда мешаванд. Аммо дар ҳолати татбиқ шудани лоиҳаҳо насби ҳисобкунакҳои барқӣ ройгон мебошад. Ҳоло ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” якчанд лоиҳаҳоро татбиқ намуда истодааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир 14 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ ба идораи санҷиши стандартӣ пешниҳод шудааст ва дар сурати коршоям буданашон ба муштариён баргардонида мешаванд. Ба иттилои масъулин ҳисобкунакҳои як фаза дар 8 сол як маротиба ва се фаза дар 4 сол як бор бояд аз санҷиш гузаронида шавад.
Ҳамчунин дар нишасти хабарӣ вобаста ба лоиҳаи пайвастшавӣ ба низоми шабакаҳои ягонаи энергетикии Осиёи Миёна роҳбари бахши татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ Саъдулло Асрорзода гуфт, ки корҳо дар ин самт бомаром идома дорад ва таҷҳизотҳои аввалиндараҷаи пайвастшавии хатти интиқоли барқ аллакай 70 фоиз ворид карда шудаанд ва то соли 2024 лоиҳаи мазкур бояд иҷро гардида, пайвастшавӣ ба шабакаҳои ягонаи энергетикӣ анҷом ёбад.