“Хатлон”: Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид

Тибқи иттилои рўзномаи “Хатлон” чорабинӣ бахшида ба Рўзи варзишгарон бо иштироки масъулини вилояту шаҳри Бохтар, раёсату бахшҳои ҷавонон, собиқадорони варзиш ва варзишгарон баргузор гардидааст.

Зимни чорабиниӣ қайд гардид, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ айни замон 4096 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 35 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ, 11 Маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Тавре дар чорабинӣ ёдовар шуданд, варзишгарони вилояти Хатлон дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар 17 мусобиқаи байналмилалӣ ва 90 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 361 медали тилло, 391 медали нуқра, 475 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1227 медал ба хазинаи варзишии вилоят овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 медал зиёд мебошад.


Ба навиштаи рўзнома дар қисмати охири њамоиш бахшида ба Рўзи варзишгарон, ѓолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва мураббиёну собиқадорони соња бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Акс аз сомонаи http://khatlon-ruznoma.tj/