Ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1355 нафар шаҳрванди бекор наздик ба 5 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд. Ин нукта дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишваар баён гардид.
Гуфта шуд, ки барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон ба 775 нафар зан ба андозаи 2 млн. 844,3 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ пардохт гардидааст.
Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли равон 76175 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки 57739 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 31921 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Ин нуктаро имрӯз муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Қиёмиддин Давлатзода зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Ба таъкиди манбаъ тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 38726 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин кардани маъюбон низ яке аз масъалаҳоест, ки дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аммо ҳастанд чунин афроде, ки барои дарёфти ҷойи корӣ мушкил доранд ва чигунагии қонунгузориро намедонанд. Дар ин маврид муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Матлуба Искандарзода дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки барои нафароне, ки дорои гурӯҳи маъюбият мебошанд ва дипломҳои касбӣ доранд, тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз ҷониби корхонаҳо квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Ба таъкиди манбаъ дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон 115 маъюбон бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Қиёмиддин Давлатзода инчунин иброз дошт, ки давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 13 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 5 лоиҳа ба тасвиб расида, 2 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 4 лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор доранд. Ба иттилои Қиёмиддин Давлатзода дар давраи ҳисоботӣ ба 13 давлат 3,5 ҳазор нафар сафарбар гардидаанд. Гуфта шуд, ки дар Федератсияи Русия низ намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолият мебарад, ки бо мусоидати ин ниҳод дар ҳаҷми 187 млн рубли русӣ қарздории дар назди муҳоҷирони меҳнатии кишвар баргардонида шудааст.
Инчунин дар нишасти хабарӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 20 курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки 350 нафар шунаванда, ки аз ин шумора занон 160 нафарро ташкил медиҳанд, гузаронида шуд. Аз теъдоди умумии шунавандагон 101 нафар ё 28,8 фоизашонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, аз теъдоди умумии хатмкардагони курсҳо 257 нафар ё 73,4 фоиз корманди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 18 нафар ё 5,1 фоизро омӯзгорони фанҳои тахассусии МДТ “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” ташкил медиҳанд.