Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 10 миллиарду 653. 3 миллион кВт. соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 341.2 миллион кВт. соат зиёд аст.
Ин нуктаро муовини аввали директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, Абдулло Қурбонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ баён дошта, гуфт, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 85.3 млн.кВт. соат кам гардида, дар маҷмӯъ ба 971.2 млн. кВт. соат баробар шудааст.
Таъкид гардид, ки нерӯи барқ асосан ба ҶИ Афғонистон дар ҳаҷми 682 млн. кВт. соат ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 288.2 млн. кВт. соат содирот карда шудааст.
Сарвинози Сайидалӣ
радиои “Тоҷикистон“