Дар нимсолаи аввали соли равон Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҷумҳурӣ 8 фоиз ё 54.2 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин хусус муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савлои ҷумҳурӣ, Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотии ин Вазорат иттилоъ дода, афзуд: “Дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,3 фоиз, кишоварзӣ 7,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 27, 1 фоиз, боркашонӣ 13, 7 фоиз, гардиши савдо 11, 8 фоиз ва мусофиркашонӣ 8,9 фоиз таъмин гардид”.
Гуфта мешавад, нархи баъзе аз маҳсулот ба монанди нархи гушти гов 4,3 фоиз, картошка 28,6 фоиз, биринҷ 43 фоиз ва шакар 23 5 фоиз баланд шудааст. Дар баробари ин нархи орди навъи 1ум 1ш фоиз, равгани растанӣ 22,9 фоиз, помидор 71,6 фоиз, бодиринг 57 4 фоиз, тухм 21,2 фоиз коҳиш ёфт.
Истеҳсоли неруи барқ дар нимсолаи аввал 10,8 млрд кВт соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,5 млн.кВт соат зиёд таъмин гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, сатҳи аваррум дар сатҳи 2,3 фоиз муътадил нигоҳ дошта шуд. Маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 82 адад ( 50 лоиҳаи грантӣ 4 лоиҳаи қарзӣ, 28 лоиҳаи қарзиву грантӣ) иборат мебооад ки маблаги умумии онҳо 49,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Гардиши савдои хориҷӣ 3 млрду 415 млн. долларро ташкил дод , ки 44,2 фоиз зиёд мебошад.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон давлатҳои Россия (24,8 фоиз), Чин ( 20,6 фоиз), Қазоқистон (16,4 фоиз), Узбекистон (6,5 фоиз), Туркия (5,2 фоиз) Эрон (3,3 фоиз) ва дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”