Варзишгарони тоҷик 9 август дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус боз се медали дигар ба даст оварданд, хабар медиҳанд мухбирони АМИТ «Ховар» аз Минск.
Мустафо Аҳмадов (70 кг) ва Сомонҷон Икромов (79 кг) дар гӯштини тарзи озод медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд. Дар ин қувваозмоӣ дар вазни то 79 кг мақоми аввалро варзишгари Русия, ҷои дуюмро варзишгар аз Қазоқистон гирифтанд. Ҷойи сеюмро варзишгарони Тоҷикистон ва Узбекистон ба даст оварданд.
Дар вазни то 70 кг мақоми аввалро варзишгари Русия, дуюмро Озарбойҷон, сеюмро Тоҷикистон ва Беларус соҳибӣ намуданд. Ин намуди мусобиқа дар шаҳри Солигорск баргузор гардид. Дар он 86 варзишгар аз 12 давлат, аз ҷумла Баҳрайн, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ветнам иштирок доранд.
Муштзани тоҷик Ҳангома Исоева дар вазни 57 кг бо ҳисоби 3:2 аз варзишгари Беларус шикаст хӯрда, медали биринҷиро соҳиб шуд.
Имрӯз 6 муштзани тоҷик барои гирифтани роҳхат ба даври ниҳоӣ қувва меозмоянд. Муштзанони тоҷик Меҳроҷ Сӯфиҷонов (48 кг), Бузургмеҳр Эҳсанов (54 кг), Рустамҷон Ашӯров (67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (86 кг), Анушервон Фозилов (51 кг) ва Руслан Федорин (92 кг) дар шаҳри Орсаи Беларус барои ҷойҳои намоён мубориза мебаранд.
Хотиррасон мешавем, ки аз 6 то 12 август дар Орша мусобиқа оид ба муштзанӣ идома меёбад. Дар он намояндагони 10 давлат: Беларус, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Покистон иштирок менамоянд.
Варзишгарони тоҷик то имрӯз 6 медал- як нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст овардаанд.