Абдулҳаким Розиқзода аз хунукназариҳо дар шӯроҳои диссертатсионӣ гуфт

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ  дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш бештар аз камбудиҳо гуфт. Ӯ таъкид кард, ки новобаста ба талошҳои чандинкаратаи Комиссия ҳоло ҳам дар самти фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ хунукназариҳо мушоҳида карда мешаванд ва бояд барои бартараф кардани ин мушкилот роҳбарони муассисаҳо назоратро пурзӯр намоянд.

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки бояд ба мактаби илмии Садриддин Айнӣ такя кард, чаро ки дар ин мактаб ба тамоми самтҳои корҳои илмӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ба таъкиди Абдулҳаким Розиқзода раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ устод Айнӣ нисбати ҳар нафаре, ки мехост дар рушди илм саҳм гузорад сахтгир буд ва ин ба он боис мегашт, ки ҷавонон нисбат ба илм бепарво набошанд. Аммо имрӯз олимони ҷавон сахтгирии илмиро нодуруст мефаҳманд ва бардошт карда наметавонанд, ки бояд чунин набошад.

Инчунин Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ аз кам будани диссертатсияҳо ва коста гаштани соҳаи геология хабар дода, гуфт, ки дар ин самт корбарӣ карда истодаанд. Сабаби камфаъол будани илмҷӯёни соҳаи саноати кӯҳиро раиси КОА  дар ба ифоқа наомадани олимони соҳа донист. Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти хабарии қаблӣ низ Абдулҳаким Розиқзода раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ  ба тавофуқ нарасидани олимони соҳаи геологияро шадидан маҳкум карда буд ва синни онҳоро аз 82 – сола боло номида буд.

 Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ  дар нишасти хабари ҳамзамон афзуд, ки шумораи заноне, ки ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғул мебошанд зиёд шуда, 621 нафар занон диссертатсия ҳимоя кардаанд. Зикр гардид, ки то 30 – юми июни соли 2023 ба Комиссия аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 867 дархост ворид шуда, аз онҳо 633 дархост қонеъ, 178 дархост рад ва 56 дархост дар баррасӣ қарор доранд.

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ  инчунин қайд намуд, ки сарфи назар аз таъкидҳои пайвастаи Комиссия, ҳоло ҳам дар фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ падидаҳои хунукназариву бемасъулиятӣ мушоҳида гардида, раёсатҳои ҳимоя ва тартиби барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия дағалона вайрон карда мешавад. Бинобар ин роҳбарони муассисаҳо, ки барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ масъул мебошанд, бояд назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки такроршавии мавзуъҳои рисолаҳои илмии ҳимояшаванда дар шуроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ ҷой дорад ва ин тамоюл дар самти илмҳои педагогӣ бештар ба мушоҳида мерасад.  Маврид ба тазаккур аст, ки КОА ягона ниҳодест, ки дар баробари гуфтани мувафаққияти худ, инчунин камбудиҳои зертобеони худро шадидан маҳкум менамояд.      

      Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”