Таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ саривактӣ аст

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривактӣ мебошад.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, гуфта шуд, ки ғамхорӣ кардан ба илму маориф ин сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақоми омӯзгор ва иловатан, фароҳам овардани шароити мусоидро барои чавонон яке аз самтхои афзалиятнок донистаанд.