Вобаста ба зиёдшавии чангу ғубор дар кишвар ду Маркази омузишӣ, яке дар шаҳри Душанбе ва дигаре дар минтакаи Айвоҷ таъсис дода шудааст.
Дар ин хусус Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дода, афзуд, ки сабабии асосии зиёдшавии чангу ғубор ин тағйирёбии иқлим аст ва бори аввал дар таърихи 200-сола гармии ҳаво дар моҳи июл 1,5 дараҷа бештар ба қайд гирифта шуд.
Гуфта шуд, ки мақсади асосии таъсиси ин марказҳо сари вақт муайян намудани таркиби ҳимиявии хок мебошад.
Дар ҳолати аз меъёр зиёд шудани моддаҳо олимон вазифадоранд, ки ба идораҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳо хабар диҳанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”