“Ҷумҳурият”: Шумораи довталабони дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ коҳиш ёфтааст (Шарҳи матбуот)

Иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарварони Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷ дар Арабистони Саудӣ, коҳиши шумораи довталабони дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар, мушкилоти камбуди табибон дар муассисаҳои тандурустии минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, суду зиёни шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи насли наврас ва мушкилоти норасоии об дар бархе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз мавзӯҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 июл гузориши муфассал аз натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ва ширкат дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарварони Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷ дар шаҳри Ҷидда чоп кардааст. 

Нашрия хабар медиҳад, ки дар доираи ин сафари корӣ Пешвои миллат инчунин бо раҳбарони Қазоқистон ва Ӯзбекистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиеёв дидору мулоқот анҷод доданд.

Ҳамзамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Маккаи Мукаррама қиблаи мусалмонон  –  Каъбаро зиёрат карданд.  Пешвои миллат эҳром ба бар карда, вориди хонаи Худо шуда, дар дохили Каъбатуллоҳ ду ракъат намози нафл хонданд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 июл бо нашри матлабе сабаби камшавии довталабони дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф бо такя ба маълумоти оморӣ навиштааст, ки айни замон дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон 239,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ин шумора нисбати соли хониши 2021-2022   2,6 дарсад кам шудааст.

Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки солҳои охир раванди дохилшавии довталабон ба макотиби олии касбӣ, ҳамчунин, иҷрои нақшаи қабули довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳо коҳиш ёфтааст. Агар соли 2021 иҷрои нақшаи қабул 70,59 дарсадро ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 62 дарсад мерасад.

Аз сӯи дигар Маркази миллии тестӣ иттилоъ додааст, ки соли 2023 шумораи хамткунандагони синфи 11 дар кишвар ҳудуди 105800 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 тақрибан 13800 нафар кам мебошад. Аз ин шумораи хатмкунандагон дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68675 нафар ё худ 64,89 % барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавис кард.

Нашрияи “Ҷумҳурият”  дар шумораи рӯзи 20 июл сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро баррасӣ карда, аз бемасъулиятии бархе ронандагон интиқод кардааст.

Муаллиф менависад, ки ҳамасола аз якуми июн бо назардошти болоравии ҳарорати ҳаво, автобусҳои  пойтахтро  бо сӯзишвории  иловагӣ таъмин менамояд, то таҷҳизоти сардкунанда ё худ кондитсионер фаъол бошанд. Аммо бо ин вуҷуд бархе ронандаҳо ҳанӯз ҳам аз фаъол гардондани таҷҳизоти сардкунанда худдорӣ мекунанд.  Муаллиф таъкид мекунад, ки дар посух ба ин интиқодот бархе ронандаҳо гуфтанд, ки таҷҳизоти сардкунандаи автобусҳо  таъмирталабанд.

Ба мушоҳидаи муаллиф воқеан, дар баъзе аз автобусҳои мусофиркашонии  хатсайрҳои  2, 11, 18 ва 20  таҷҳизоти сардкунанда фаъол нестанд ё дар ҳолати хуби корӣ қарор надоранд.

Дар ин замина таъкид мегардад, ки мутобиқи қоидаҳои техникӣ,  таҷҳизоти сардкунанда бояд дар автобусҳо  аз соати  11:00 то 16:00 фаъол бошанд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19 июл мақолае таҳти унвони “Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд” чоп карда, муаллиф дар он суду зиёни шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ кардааст.

Муаллиф менависад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ — дастоварди навбатии инсоният, аз як ҷониб, агар барои беҳтар намудани робита бо ҷомеа, ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ ва беҳтар намудани усулҳои иттилоърасонӣ хизмат намоянд, аз ҷониби дигар, силсилаи хавфу хатарҳоро ба вуҷуд овардааст.

Дар ин замина номзади илмҳои сиёсӣ Хуҷамурод Сафарализода таъкид кардааст, ки манфитарин таъсири шабакаҳои зикршуда мағзшӯӣ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ҷавонон қишри нисбатан осебпазиранд. Ғайр аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ омили то андозае дур шудани ҷавонон аз донишҳои илмию назариявӣ, сабаби талафи вақт, дуюмдараҷа шудани муносибат ба муоширати хонаводагӣ ва паҳн гардидани фарҳанги бегона мебошад.

Ҳафтаномаи  “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 20 июл дар мавриди аз ҷаласаи васеи Мушовараи Кумитаи андоз гузориши муфассал нашр карда, натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар нимсолаи якуми соли 2023-ро баррасӣ кардааст.  

Дар ин матлаб зикр мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба андозаи 105,1% таъмин гардида, ба ҷойи 8 млрд 98,7 млн сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 8 млрд 510,2 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 411,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки бо ин вуҷуд бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2023, дар маҷмуъ, 764,3 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2023 ба маблағи 36,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, беш аз 3,2 ҳазор адад зиёд карда шуда, айни замон, зиёда аз 158,2 ҳазор воҳидҳои соҳибкорӣ эъломия ва ҳисоботи худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 19 июл шикояти як гурӯҳ сокинони кӯчаи Испечак-2 ноҳияи Синои пойтахтро чоп кардааст, ки дар он мардуми ин маҳалла аз норасоии об дар ҳамин шабу рӯзи ҳавои гарм гила доранд. Ба гуфтаи сокинон ду моҳ мешавад, ки дар маҳаллаи Испечак-2 ҳар шаб аз соати 22 интиқоли об қатъ мешавад, ки барои мардуми ин маҳалла мушкилоти зиёдро ба бор овардааст.

Дар робита ба ин ҳолат сокинон аз масъулини корхонаи “Обу корези Душанбе” ва мақомоти шаҳрдорӣ талаб доранд, ки ба мушкилоти он ҳарчӣ зудтар расидагӣ кунанд

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20 июл масъалаи норасоии табибон дар минтақаҳои дурдасти кишварро баррасӣ карда, навиштааст, ки аз ҷумла чунин мушкилот дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушоҳида мешавад.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки барои мисол табиби касбӣ  Мирзо Ҳокимов раҳбари маркази саломатии деҳаи Ғузн худаш танҳо сӣ сол боз ба сокинони даҳ деҳаи ин ноҳия хизматрасонӣ мекунад.

Муаллиф бо такя ба омори расмӣ навиштааст, ки ба ҳолати моҳи феврали соли ҷорӣ дар муассисаҳои тандурстии вилояти Суғд норасоии 601 табиб ва 165 вуҷуд дорад. Дар умум дар саросари Тоҷикистон бошад муассисаҳои тандурустӣ ба 2463 табиб ва 605 парастор ниёз доранд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”