5 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ вазир ба сафири Олмон барои саҳмаш дар ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва густариши фаъолияти ташкилотҳои Олмон оид ба рушд дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Олмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.