Кормандони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 02:24 дақиқаи рӯзи 5-уми июл ба кумаки як сокини кӯчаи Алишери Навоӣ, 11/9 рафтанд, то барои боз кардани дари бастаи ӯ, ки кӯдаки сесолааш дар дохил танҳо монда буд, ёрӣ расонанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дода, тавзеҳ меди Маълум набуд ин хонуми ҷавон чаро дар ин як поси шаб тифли сесоларо танҳо гузоштаву берун рафтааст ва дар баста шудаву натавонистааст ба он ворид шавад.
Наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода таҷҳизоти кӯҳгардӣ аз боло поин шуданд ва аз тариқи тирезаи айвон ба хона ворид гаштанд.
Баъдан бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари бастаро боз карданд, кӯдакро солим ба модараш супурданд.
Тифл ба ёрии тиббӣ ниёз надошт. Наҷотдиҳандагон бо модари ӯ ҳамсуҳбат шуданд ва як бори дигар ӯро аз паёмадҳои бади эҳтимолии танҳо мондани кӯдак дар хона ҳушдор доданд.
КҲФ меафзояд, ки вақтҳои охир ин гуна ҳодисаҳои мушобеҳ зиёд иттифоқ меуфтанд. Рӯзе қабл ҳам наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду дари бастаро бо даъвати соҳибони хонаҳо боз карда буданд. Дар яке аз ин хонаҳо низ тифли яксола танҳо монда буд.