Шоми дирӯз дар толори “Кохи Суруш”-и пойтахт бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва галаконсерти иштирокчиёни Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодҳои наврас” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили кишвар ширкат намуданд.
Дар оғози маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода суханронӣ карда, қайд намуд, ки Фестивали эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон “Истедодҳои наврас” соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пайравӣ ба сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда шуда, ҳадаф аз доир шудани он таъмин намудани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва фарҳанги ҳамдигарпазирӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас ва муаррифӣ намудани Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои рушди кӯдакон арзёбӣ мегардад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ҳавасмандгардонии ғолибони бахшҳои озмунии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон – «Истеъдодҳои наврас» доир шуд. Максим Георгий аз шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе омада, дар Фестивали мазкур аз рӯйи номинатсияи Хореография сазовори ҷойи аввал гардид.
Дар Фестивали эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон “Истеъдодҳои наврас” хонандагону наврасони тоҷик ҳам хеле фаъол буданд. Аз ҷумла Ансамбли кӯдаконаи рақсии «Шукуфаҳои пойтихт” – и Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар Фестивал-озмуни мазкур ҷойи аввалро ишғол намуданд. Тавре Зебуниссо Исмоилова хонандаи синфи 5 – уми МТМУ рақами 6 ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ва аъзои ансамбли «Шукӯфаҳои пойтахт” мегӯяд, озмун хеле ҷолиб гузаштааст ва ӯ хушҳол аст, то дар ин озмун ғолиб омадааст.
Дар идомаи маросим аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал барномаи бошукӯҳи консертӣ пешниҳод гардид, ки он тараннумгари сулҳу дӯстӣ, рафоқату бародарӣ, муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ҳамдигарӣ иборат буда, як навъ ҳамовозии насли навраси эҷодкорро нисбат ба ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати ҷовидона ифода менамуд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истедодҳои наврас” рӯзҳои 26 – 30 июни соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Екатеринбурги Федератсияи Россия, Тошканд, Нуқус ва Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ, инчунин студияву ансамблҳои бачагона ширкат намуданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”