Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боиси ба миён омадани мушкилоти зиёд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ гардид. Мардуми кишвар, ки яку якбора пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро интизор надоштанд, дар вазъияти ноором чӣ гуна амал карданро намедонистанд.
Ҳизбу ҳаракатҳои гуногун падид омад ва аҳдофашон пеш аз ҳама ба даст овардани ҳокимият буд. Тавре Моҳтоббӣ Одиназода, мувоини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҷавонону наврасоне, ки ба таҳсил машғул буданд, фаҳмишу дарки оқибатҳои ҷангро надоштанд ва гумон мекарданд, ки ин равнди дурӯза аст ва зуд хотима меёбад, аммо натиҷаҳо комилан баръакси чашмдошт шуданд.
Дар ҳолатҳои бисёр душвор барои мардуми тоҷик доштани лидери сиёсӣ зарур буд. Чунки пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам ғайричашмдошти роҳбарони вақт буд. Ҳатто Қаҳҳор Маҳкамов аввалин президенти Тоҷикистони Шӯравӣ тасаввур намекард, ки рӯзе фаро мерасад ва Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барҳам мехӯрад. Ӯ дар бораи ин иттиҳод боз ба кишварҳои пасошӯравӣ якҷо буданро пешбинӣ мекард. Қаҳҳор Маҳкамов натавонист, ба вазъи босуръат тағйирёбандаи сиёсӣ мутобиқ шавад. Пас аз ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов вазъ дар ҷумҳурӣ боз ҳам муташанниҷтар гашт. Танҳо пас аз ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъ ба эътидол омадан гирифт.
Моҳтоббӣ Одиназода, мувоини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар робита ба ин мавзуъ меафзояд, ки маҳз пеш гирифтани роҳи дурусти сиёсат аз ҷониби сарвари давлат боис гашт, ки дар кишвари мо сулҳу субот пойдор гардад.
Ба андешаи Моҳтоббӣ Одиназода, барои он ки сулҳу суботро нигаҳбон бошем, бояд пеш аз ҳама дар тарбияи дурусти ҷавонон саҳмгузор бошем, зеро Пешвои миллат пайваста аз боварӣ доштани худ ба ҷавонон таъкид мекунанд ва онҳоро ояндаи миллат меҳисобанд.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо Моҳтоббӣ Одиназода, бо шарофати Ваҳдати миллӣ тамоми мушкилоти дар даврони ҷанги хонумонсўзи ба сари давлату миллати мо омада, давра ба давра роҳи ҳалли худро ёфтанд. Се ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд маҳз пас аз ба сулҳу салоҳ расидан бо сурати кайҳонӣ амалӣ гардида истодаанд.
Бояд гуфт, ки моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллӣ ва корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, самаранок меҳнат кунем ва ҳамеша даст ба кор бошем.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”